Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:47

Муовини Рамазон Раҳимов: "Расули Амонулло ҳеч вақт саркашӣ намекунад" (ВИДЕО)

27 январ 2014, 11:35

Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабарии 27 январ гуфт, ҳанӯз тафтиши парвандаи марбут ба садамаи Расули Амонулло, писари раиси ширкати “Роҳи оҳан”, ба поён нарасидааст. Ба қавли Бузмаков, дар робита ба ин садама бо моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, санҷиши он дар раёсати тафтишотии ВКД идома дорад.

Оқои Бузмаков дар ҳоле ба суоли хабарнигорон посух медод, гуфт, аз сабаби талаб кардани ташхисҳои судиву тиббии хеле зиёд, муҳлати баррасии ин парванда дароз шудаааст. “Тафтишоти пурраи парванда идома дорад. Бояд гуфт, Расули Амонулло боре ҳам аз даъвати тафтишот саркашӣ нокарда, ҳар вақте зарур аст, ҳозир мешавад”,-афзуд Абдураҳмон Бузмаков.



Ин парванда дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода, се кушта бар ҷой гузошт, ифтитоҳ шудааст. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ буда, сари фармони БМВ-и Расули Амонулло қарор доштааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 27 январ 2014 12:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо чихо мегуед? Чиноятхои дар чанги дуввуми чахон кардаи фашистон дар мухлати кутохтаре тафтишу исбот шуда буд, магарам ки ин чинояти Расулу падару модараш дар се сол тафтиш шуда баъди тамом шудани мухлати даъво ба дасти фаромуши супурда мешавад.
Посух додан
  • мИРЗО

  • 27 январ 2014 12:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХЕЕЕ ХАМИ ПРСОТО МАРДУМА ДУРУГ НАГУЕДУ КОНКРЕТНО ГУЕН, КИ И МАРДАКА СУД НАМЕКНЕМ (КОНУН БАРОИ ИНОРА НЕСТ) чИ ДАРКОР ИНКАДАР ШАЙТОНГАРИЮ ФИРЕБГАРИ..... АГАР ЧОИ ХАМИНДА ЯГОН КАМБАГАЛ МЕБУД ГОВСУДШ МЕКАРДЕН.... АЗ ФАРМОНИ БОЛОНЕВУ АЗ ХУДОВАНД БИТАРСЕД ЭЙ КОРГАРОНИ ОРГАН (БИНЕД, КИ МОДАРИ РАСУЛ 120 СОМОНИ ЧАРИМА СУПОРИДААСТ БАРОИ ХАЛОКАТ 3 НАФАР ВА МАЧРУХ КАРДАНИ 3 ТАНИ ДИГАР)
Посух додан
  • tojik

  • 27 январ 2014 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in nobolig ast sud nameshavad.jarima fakat.
Посух додан
  • Расул

  • 27 январ 2014 13:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар гардани хамун Умар бор кунед ва Расулро овора накунед...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амони калуш ҳамата даркор шавад мехарад акаи Абдураҳмон. Так что оқибат ҳамаш турбай. Зинда бод Данғара
Посух додан
  • Далер

  • 27 январ 2014 13:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чиновникои мо дигар намедонанд, ки чи дуруг гуянд. Садама дар маркази шахр рух дод, хатман шохид будагист дар чои садама. БМВ хатман видео регистратор дошт. Чабрдидахо нимаш дар мазор ними дигараш дар беморхона. Охир боз чи лозим барои тафтишота анчом додан? Медонам!!! Як чигари калон лозим!!! Чигаре, ки тавонад на тарсида бар зиди Хукумов ва шарикони у барояд. Лекин боз як мушкилии дигар хаст. Ин чиновникхои мо хамаш бо хамдигараш хешу табор. Яктаашро аз гушаш капиди, як 30 гуши дигар кашид мешавад. :)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мултфилм давом дорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
расули хукумов одамхоро куштак...он тарафаш кори ту судаша мени намени ба одамо ай вай хатарай...мардум росташа мефамаву ту следствият кати худа девона кади раисако,то хол хам боварит нест смиритса бику аку
Посух додан
  • Тоҷик

  • 27 январ 2014 14:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мИРЗО,
Ака ҳоло вожаи говсут аз мода рафтаги ин мардум говро дар хар бор кардаву харговсут мекунанд! амалҳои кардаашон дар қиёмат онҳоро интизори мекашад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН "БУК,АЧАЯ" ХЕЧКАС СУД КАРДА НАМЕТАВОНА
Посух додан
  • Dev

  • 28 январ 2014 21:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муовини Рамазон Раҳимов: "Расули Амонулло ҳеч вақт саркашӣ намекунад", mo hudmon sarkashi dorem !!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!