Бахшҳо

Истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз раҳбарии "Пойтахт"

Абдуқодири Абдуқаҳҳор -- директори телевизиони “Пойтахт” баъд аз мулоқоташ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 27 январи соли ҷорӣ аз мақоми худ истеъфо додааст. Оқои Абдуқаҳҳор дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, аз вазифаи директори “Пойтахт” ба он хотир истеъфо дод, ки мехоҳад ҷои корашро иваз кунад.

Ӯ таъкид намуд, ин тасмим аз ҷониби худаш гирифта шудааст ва аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Телевизиони “Пойтахт” шабакаи иттилоотӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ба шумор рафта, дар аҳди Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки охирҳои соли 2012 ба ин мақом таъин шуд, барномаҳои худро 20 соат дар як шабонарӯз пешкаши бинандаҳо мекард. Аммо пас аз чанде, бахусус баъд аз пахши навор дар бораи Глурухсор Сафиева, аз фаъолият бозмонд ва дуюмбора танҳо бо пахши 8-соатаи барномаҳо фаъол шуд.

Истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз раҳбарии "Пойтахт"Гуфта мешавад, истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар пайи “якдигарнофаҳмиҳо” бо шаҳрдорӣ дар мавриди фаъолияти ин шабака сурат гирифтааст, ки тибқи хостаи шаҳрдорӣ ин шабака бояд соҳавӣ мешуд, аммо Абдқаҳҳор ба он розӣ нашудааст. Феълан вазифаи Абдуқодири Абдқаҳҳорро Шаҳло Мӯсоева -- мудири бахши фарҳанги ҳукумати Душанбе иҷро мекунад.

Телевизиони “Пойтахт” соли 1996 таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Дар аввал раҳбарии ин телевизионро Раҳмон Остон бар ӯҳда дошт ва соли 2012 курсияшро ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор дод. Оқои Абдуқаҳҳор то замони омаданаш ба телевизиони “Пойтахт” ба ҳайси директори Радиои Тоҷикистон кор мекард ва дар Шабакаи аввали телевизиони кишвар барномаи “Гурӯғлӣ”-ро бар ӯҳда дошт.


Аксҳо аз саҳифаи Фейсбуки Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мухлис
Дар мо одами ки халол кор куна рузш наметиян. Номи ТВПойтахта акаи Абдукахор номдор кард, акнун ки бошад бо ягон бесавода мемонан ки факат лаганбардори кунад...

Одил
А.Абдукаххор вокеан хам ТВпойтахтро каме чолибтар карда буд. Пеш аз у ин шабакаро дар як хафта 1 ё 2 маротиби тамошо мекардем, аммо аз замони омадани А.Абдукаххор мухлиси ТВП шудем. Афсус, ки ин марди бомаърифатро руз надодан, ки халол кор кунад.

Просто ин журналисти касби Абдукодири А. имичи худро назди хамкорони деринааш паст кард макнзур кумитаи телевизион ва радио аз тарафи дигар бозичаи мувакатии шахрдори гашт, кор буд ки шид чоро холи кун гуфтан. ачабо огои Абдукодир фаъолияташро дар кучо ба рох мемонда бошад. То чое медонем радиои Точикистонро ба по хезонду ба каси дигар дод.Яъне ба гуфти баъзехо ба ишки пул дода шуд. Хуб мунтазирем ки чи вазифаро мегирифта бошад......

коре хаст ки точикро дигар худписанд, мустакил ва сам себе хазаен!, кардааст. билет мегириву Россия мерай.

Анушервон
Барои и чупонхо Абдукаххор не Абдучалил лозим хаст!

Шахло мусоева яке аз занхои беташаббуси гайрикасби аст!
Тв Пойтахт хору зор мешавад!

Мадина
Акаи Абдукодир журналисти вокеан хам касби аниктараш донишманд аст. Просто ба гуфти русхо ки "ХОД" надоданаш........
Вай фаъолияташро дар хамаи сохтор идома дода метавонад. Вой бар холи ТВПойтахт ки ояндаи он бо ин рохбари наве ки дар сохаи Журналистика хатто тасаввуроте хам надорад чи мешуда бошад.............?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)