Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:54

Гуруҳи махсус ояндаи телевизионҳои мустақилро дар Тоҷикистон меомӯзад

27 январ 2014, 17:38

Гуруҳи махсуси корӣ, ки дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Точикистон аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳайати 13 нафар таъсис ёфтааст, гузариши телевизионҳои кишварро ба пахши рақамӣ ва тақдири телевизионҳои мустақилро дар ин раванд мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Зинатулло Исмоилов, раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ, ки ташаббускори таъсиси гуруҳи мазкур аст, ба “Озодагон” гуфт, гуруҳ бо мақсади омӯзиш ва баррасии пешниходи созмонҳои ҷамъиятӣ, ашхоси ҳуқуқиву воқеӣ ва шаҳрвандон бобати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ барои солҳои 2010-2015 ташкил шудааст.

Манбаъ мегуяд, ба ҳайати корӣ 6 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, 7 нафар аз Ассосиатсия, ташкилоти ҷамъиятии "Хома" ва ассосиатсияи дастраскунандагони интернет дохил мебошад: “Таъсиси гуруҳи корӣ натиҷаи заҳмати якҷояи ташкилотҳои ҷамъиятии соҳа аст, ки барои мушаххас намудани сарнавишти телевизионҳои мустақил давоми солҳои охир талош намудаанд. Аз чумла, Ассосиатсияи мо давоми соли 2013 бо мадади молиявии Институти Ҷомеаи Кушода- Бунёди Мадад се маротиба ҷаласаи гуруҳӣ гузаронида пешниҳодоти мушаххаси худро ба мақоми танзимкунандаи соҳа- Кумитаи телевизион ва радио манзур намуданд ва таъсиси гуруҳи якҷояи корӣ, яке аз ин пешниҳодот буд”.

Зинатулло Исмоилов ёдовар шуд, ки то соли 2015 Тоҷикистон дар қатори сад кишвари ҷахон бояд ба пахши рақамӣ гузарад, вале номушаххасии тақдири телевизионҳои мустақил коршиносони дохиливу хориҷии соҳаро нигарон сохтааст.

Номбурда мегӯяд, боварии комил доранд, ки ин гурӯҳи корӣ барои мушаххас намудани ҷойгоҳи телевизионҳои мустақили кишвар қадами ҷиддие хоҳанд гузошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!