Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 21:36

Қотили духтари 19 сола 19 сол аз озодӣ маҳрум шуд

15 август 2011, 09:41

Суди вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб як сокини 37-солаи ноҳияи Данғараро ба мӯҳлати 19-сол равонаи зиндон кард.


Бино ба иттилои Музаффар Мирамиршоев, мушовири калони суди вилояти Хатлон, Исматуллоҳ Насриддинов, сокини шаҳраки Данғара, коргари заводи арақбарории шаҳри Душанбе, ҷияни худаш Марворид Насриддиноваи 19-соларо бо гумони фоҳишагӣ ва даст доштан дар дуздии пулу тилловории хешовандонаш нахуст лату кӯб намуда, сипас бо бераҳмии махсус, тариқи бӯғикунӣ ба ҳалокат мерасонад. Исматуллоҳ баъди бӯғикунии ҷиянаш, тани майитро ба оғилхона бурда, бо истифода аз банди гов ҷасадро ба дор овехта мегӯяд, ки даст ба худкӯшӣ задааст.
Суди вилояти Хатлон қазияро пурра омӯхта бо истифода аз моддаи 104, қисми 2, бандҳои «е, и, м» (куштор бо бераҳмии махсус) Насриддинов Исматуллоҳро дар қатли ҷиянаш айбдор дониста, ӯро ба мӯхлати 19-сол ҷазои маҳрум аз озодӣ дар колонияи ислоҳи низомаш сахт ҳукм баровард.  
Аз аввали сол инҷониб суди вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб 7-ҳолати куштори инсонҳоро ба қайд гирифтааст, ки 6 ҳолати он дар ҳудуди ноҳияи Данғара амалӣ гаштаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!