Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Қаззофӣ кишварашро ба қасди Фаронса ва ё Бритониё тарк карданист

19 август 2011, 06:52

Ниҳоят хабари Либиёро тарк кардани Қаззофиро хабаргузории «Albawaba»  пахш кард.


Бино ба иттилоъи ин манбаъ,  Қаззофӣ омода шудааст, то ҳукуматро ба вазири вақти адлияи кишвараш-  Муҳаммад Алкамоду бисупорад.
Аммо истеъфои Каззофӣ  дар ҳоле буда метавонад, ки оташбаси фаврӣ  сурат бигирад ва нерўҳои НАТО аз кишвар хориҷ шаванд, навиштааст  ин хабаргузорӣ.
Дар ҳамин ҳол 2 тайёра аз Африқои Ҷанубӣ дар фурудгоҳи Трипполӣ поин шудааст, ки тавассути онҳо Муҳаммад Қаззофӣ  бо аҳли оилааш ва ҳамчунин чанде аз аъзои ҳукуматаш метавонанд ба Венесуэла парвоз кунанд.  Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, истеъфои Қаззофӣ дар пайи гуфтушунид бо ошўбгарон дар ҷазираи Чарба аз сар гирифта шудааст.
Аммо сарчашмаҳои дигар аз бемории вазнини Қаззофӣ  ва эҳтиёҷаш ба кўмаки ҷиддии тиббӣ хабар медиҳанд. Ба иттилоъи ин сарчашмаҳо, феълан ёвари Қаззофӣ- Башир Солир бо намояндагони Фаронса ва Бритониё дар хусуси аз Либиё берун кашидани полковник Қаззофӣ  дар гуфтушунид дорад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!