Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Владимир Путин бензинро барои Тоҷикистон боз ҳам қимат кард

30 август 2011, 05:13

Владимир Путин, нахуствазири Русия охири ҳафтаи гузашта, қароре имзо намуд, ки тибқи он Тоҷикистон, сар аз 1 –уми сентябр, барои як тонна бензини русӣ, 399,7 доллар боҷи содиротӣ месупорад, ки дар муқоиса бо нархҳои моҳи август ҳудуди 6 доллар қимматтар аст.

 

Ҳукумати Русия боҷи содиротиро барои маҳсулоти рўшани нафтии дигар аз 293,6 то 297,5 доллар барои ҳар тонна боло бурдааст.

Аввали соли ҷорӣ боҷи содиротии сўзишворӣ дар Русия 226 доллари амрикоиро ташкил медод ва дар натиҷаи қимматкуниҳои мунтазам, моҳи июн ба 415 доллар сари як тонна расонда шуд.

Владимир Путин моҳҳои июл ва август ҳаҷми боҷро каме коҳиш дода, сар аз якуми сентябр боз қиммат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки айни ҳол як тонна сўзишворӣ ба кишвар, бо нархи миёнаи 1070 доллар ворид мешавад. Соли гузашта нархи миёнаи як тонна сўзишворӣ 691 доллар ва аввали соли ҷорӣ 843 доллари амрикоиро ташкил медод. Масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо сабаби қимматшавии бензинро ба афзоиши ҳармоҳаи боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия рабт медиҳанд, ки Тоҷикистон сар аз моҳи майи соли гузашта, аз сабаби аъзо набудан дар Иттиҳоди гумрукӣ пардохт карда истодааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!