Бахшҳо
22 июл 2014 12:52Тоҷикистон / Видео

ВИДЕО: Вакили севуми Зайд Саидов... паноҳгоҳ мехоҳад?

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов – соҳибкори маъруф ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав мегӯяд, дар сурати эҳсоси фишори зиёд аз кишварҳои хориҷӣ паноҳгоҳ хоҳад хост.

Оқои Табаров рӯзи 22 июл дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” бо таваҷҷуҳ ба боздошти ҳамкоронаш Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов аз сӯи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ гуфт, “шояд ман ҳам аз ин кор эмин намонам”.



Ин вакили мудофеъ парвандаҳои Фахридидн Зокиров ва Шӯҳрат Қудратовро давоми мантиқии парвандаҳои пурсарусадои Зайд Саидов донист. “Бевосита ба ҳамин парвандаҳо иртиботи зич дорад. Ман, фикр мекунам, Шуҳарт Қудратов ва Фахридин Зокиров таҳти назорати мақомот қарор доштанд ва ахиран нисбат ба онҳо парванда боз шуд ва дар ҳоли тафтиш аст. Ман ҳам шояд аз ин кор эмин намонам. Дар сурати эҳсос кардани ингуна фишорҳо ба давлатҳои хориҷӣ дар бобати гирифтани паноҳгоҳ муроҷиат мекунам”,-таъкид дошт ӯ.

Исҳоқ Табаров илова кард, ҳамроҳ бо Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров давоми бештар аз як сол дар парвандаи Зайд Саидов кор мекарданд. “Се нафар будем. Имрӯз танҳо мондам. Чи хеле мебинед, танҳоям”,-гуфт вакили мудофеъ.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 21 июл дар маҳалли кораш аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ боздошт шуд. Дар оғоз гуфта шуд, ки Қудратов гӯиё барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои шаҳри Душанбе дастгир шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидааст.

Аммо худи ӯ, баъд аз тафтиши маҳалли кораш дар рӯбарӯи хабарнигорон изҳороти кӯтоҳе дод ва гуфт, “ҳамааш нағз мешавад. Аз касе пора нагирифтаам”. Ин ҳарфҳои Шуҳрат Қудратов суолеро ба миён овард, ки ӯ барои гирифтани пора муттаҳам мешавад ва ё пешниҳоди пора ба додрас. Исҳоқ Табаров мегӯяд, ҳамкори ӯро барои пешниҳоди пора муттаҳам мекунанд, вале ӯ наметавонад дар бораи ҷузъиёти он суҳбат кунад. Ӯ танҳо гуфт, Қудратов ин иттиҳомро сохта дониста, гуфтааст, ба касе пора пешниҳод накардааст.

Аз ин пештар, моҳи марти соли ҷорӣ, Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов, низ боздошт шуда, мақомот ӯро барои қаллобӣ ва напардохтани қарзаш аз бонк муттаҳам карда буданд. Дар оғоз гуфтанд, оқои Зокиров тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳ мемонад, аммо баъдан ин муҳлат тамдид карда шуд.
Мӯҳр
Шуҳрат Қудратов
А бача тезуш биги набоша шуҳрат ҳам гуфта буд ки паноҳгоҳ мегирам паноҳгоҳ мегирам, аммо то паноҳгоҳ гирифт ки қапиданша. Исхоки чун бо мегум тезуш биги. тезтар панохгох талаб кун холо гармогармии кор аст. дилхох давлат ба ту панохгох медихад

Darveshi Farkhori
A bacha isu biyo ay granitsa megzaronemut suni Afgoniston!!!Tezgirush ku

Бадбахтии (шояд хушбахтии?) мо, тоҷикон, дар он аст, ки кӯчӣ нестем. Яъне побанди маҳалли зисти хеш буда, кӯчокӯчиро қабул надорем. Аз ин хотир барои мо аз як минтақа (шаҳр, мамлакат) ба ҷойи дигар кӯч бастан ҳамеша фоҷиа аст. Тардиди (дудилагии) адвокат Исҳоқ Табаров низ дар ҳамин аст. Матале ҳаст, ки "ҲАР КАС ДАР ВАТАНИ ХЕШ ШОҲ АСТ!" Ватан бояд тарзе бошад, ки барои зисту зиндагии шаҳрвандон хатаре фароҳам наояд. Он гоҳ касе ин ватанро тарк нахоҳад кард. Инро мо дар мисоли ҳазорон ҳазор шаҳрвандони мамолики ноамн мушоҳида мекунем, ки аз роҳбарони худкомаи (узурпатори) худ безор шуда, аз Амрико ва кишварҳои Урупо паноҳ металабанд. Аз гурезогурез ва кӯчбандии шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд раҳбарони он кишвар эҳсоси шарм кунанд. Вале дар асл ин тавр нест. Раҳбарони густох ин падидаро (рӯйдодро) муҳоҷирати (мигратсияи) табиӣ мепиндоранд.

Мур
ГАРИБИ КУХИ САХТ АСТ ЭЙ марди ТОЧИК,..Акаи Исхок, аз нигохатон махлум, ки Шумо ором табиат ва тахамулпазир. Паногохи бехтарин барои Шумо Точикистон.Орзуи гарибира накун.

хайётой
охир агар у дар Точикистон истад паногохаш зиндон мешавад, монед равад дар точикистон режими сталинро ба рох мондаанд аз ин чо як по дори гурез ду по дори гурез зудтар дер нашавад

Слава КПСС
хайётой,
дар ин режими сталини нест, кош он режим мебуд ягон нафар аз рохбарияти нохияви то олии макомоти давлати дар вазифа намебуду мамлакат танхо аз мусодираи молу мулки онхо на камтар аз 50 млрд доллар даромад мекард. Шумо харчиро ба режими коммунисти мувофик насозед. чун холо харки халол аст коммунисташ мегуянд

тавсия
Хами мардаки хуб любой сафоратхона равад ва пагохгох талаб кунад ба у метиян. Ягон кас хакки вая аз сафоратхонаи дигар давлат баровардан надорад. Даркор шава то трапи самолета мебаранша, ки ай Точикистон берун рава.

Шуршат
Акаи Исхок алафта паст паст чарида гаштан гир аку, ки бо сари бе балота дар бало назани аз пушти Зайд Саид. Акнун у мучозот шуд, ба доди у ба фикрам дигар хеч ки намерасад

Сохиб
Акаи Исхок Ин Хукумат Барвакт дар Фурудгох ва рохи Охан бачахои Амниятро барои нагурехтани Шумо хушдор сохтааст ки шумо ЧТ ро тарк накунед Худованд Мададгорат бошад Набошад Шуморо хам Акаи Зайд пешвоз мегирад

Акнун аз нигохи ман набояд сеюм вакилро низ боздошт намуд. Барои он, ки агар инашро хам боздошт намоянд ин сохтакори ва накшаи пешаки кашидаи макомотхои дахлдор ва аз боло об лой будани онро нишон медихад. Яъне, ки ин накша пешаки тархрези гардида шуда ва бояд низ хамин тавр хам мешуд гуфтани гап! Ба фикри банда агар сеюм вакил хам тахи тахдид карор гирад, яъне дар боло баен доштанификри ман тасдик мегардад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)