Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Муҷозот барои таълими ислом дар манзили истиқоматӣ

13 май 2011, 10:32

Дар пайи як амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ дар вилояти Суғд се нафар боздошт гардидааст.

Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз раёсати корҳои дохила иттилоъ доданд, амалиёти мазкур таҳти унвони «Мадраса» ошкор сохт, ки Насимҷон Ҳакимов, сокини ноҳияи  Б. Ғафуров, дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар ҷамоати Унҷӣ  ба ду шогирдаш Раҷабов Абдурашид ва Улмасов Акбархон ғайриқонунӣ дарси исломӣ медодааст.

Ба иттилои  манбаъ ҷаноби Ҳакимов  бар хилофи Қонуни Ҷумурҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» амал намуда  ва акнун  нисбати вай протоколи маъмурӣ  аз  рӯи моддаи 474-и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Маврид ба ёдоварист, дар соли гузашта  низ мақомоти  идораи умури дохилии Суғд ҳудуди 30 тан аз муллоҳои ин ноҳияро ба гумони таъсиси мадрасаи хонагӣ ва таълими ғайриқонунии ислом муҷрим шинохта ва нисбати ҳар яки онҳо тибқи қонунгузории кишвар  ҷарима таъин намуда буд.

Муҷрим шинохта шудани Ҳакимов Насимҷон дар ҳолест, ки замони Шӯравӣ умдатан ҷавонону наврасон, барои омӯзиши тадриси дини мубини ислом аз  муллоҳо ба хонаҳо мерафтанд, вале акнун гирифтани тадриси ислом  дар назди муллоҳои  берун аз мадрасаҳо  манмӯъ  аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!