Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:34

SOS:Дарёи Ванҷ 25 гектар замини деҳаи Ширговадро шуст

6 сентябр 2011, 07:21

Дарёи Ванҷ қисмате аз заминҳои рустои Ширговади ноҳияро шустааст.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» як сокини ин деҳа тариқи телефон иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, рӯди Ванҷ дар ин мавзеъ маҷрои худро дигар карда, аз соҳил баромада, заминҳои чанд сокини русто ва ҷангалзори ангатро ба коми худ фурӯ бурдааст.

Зимнан, Мулло Субҳаков, муовини райиси деҳа дар тавзеҳи хабар гуфт, бар асари ин обчакорӣ ва заминҳои наздиҳавлигии беш аз панҷ  сокини деҳашуста шудаанд. Аз ҷангали ангети деҳа дигар асаре намонда, чанд гектар замини болои русторо низ хатари нобудшавӣ таҳдид дорад. Субҳаков афзуд, роҳи мошингарде, ки ин деҳа ва рустоҳои дигарро бо маркази ноҳия мепайваст, тамоман тахриб гардида, рафтуои нақлиёт дар айни замон номумкин аст.Мардуми    деҳа барои рафтан ба ҳамсояқишлоқ маҷбуранд, тавассути пули   қишлоқи Мудехарв (Дуршер) давродавр гашта, масофаи 14-15 километрро тай намоянд. «Чор рӯз боз ҳаракати нақлиёт комилан ба ин ҷо манъ шуда, имкони ҳамлу нақли мавод нест, ба замми ин 25 гектар замини кишт нобуд гардид»,-афзуд манбаъ.

Маврид ба ёдоварист, дарёи Ванҷ ҳамасола дар фасли тобистону тирамоҳ аз соҳил баромада, ба аҳолии наздисоҳил ва боғу роғи онҳо хисороти ҳангуфт ворид мекунад. Дар моҳи июли соли равон обхезӣ ба деҳаи Ширговад таҳдид мекард, ҳамзамон ҳукумати ноҳия барои бартараф кардани ин хатар як мошини боркаши КАМАЗ ҷудо карда, чанд симтӯри соҳилбандӣ низ кӯмак карда буд.Тавре сокинони деҳа мегўянд, ин кўмаки ночиз дар баробари мавҷҳои пуртуғёни Ванҷоб ҳеч аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!