Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 13:05

Кормандони вазорати молия мукофот гирифтанд

8 сентябр 2011, 08:40

Дар  вазорати молияи Тоҷикистон  ҷамъомади  тантанавӣ бахшида ба  20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.


Ба «Озодагон» аз ин ниҳоди молии кишвар гуфтанд, ки дар расми ифтитоҳи маросими ҷашнӣ Матлубхон Давлатов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент тамоми кормандони  мақомоти молияро бо ҷашни истиқлолият табрик намуда, аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони пешқадами мақомоти молия мукофотҳои давлатӣ супорид. Аз ҷумла ба Шавкат Соҳибов, муовини вазири молия, Тимуралӣ Авғонов, сардори раёсати сиёсати буҷа дар соҳаҳои иқтисодиёт, Салмон Алишоев, сардори раёсати  буҷаи давлатии сарраёсати молияи ВМКБ, Мирзосафар Сафаров, сардори раёсати молияи ноҳияи Ҷиликул, Самандар Солиҳов, сардори раёсати  молияи ноҳияи Рӯдакӣ, Давлатхоҷа Мирахмадов, сардори раёсати молияи ноҳияи Муъминобод, Маҳсиддин Султонов, сардори раёсати молияи ноҳияи Темурмалик бо медали Хизмати Шоиста сарфароз гардонида шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!