Бахшҳо

ВИДЕОИ шаҳомати “Кохи Наврӯз” ва истиқболу интиқод

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон навори видеоии санъати меъмории “Кохи Наврӯз”-ро таҳия кардааст, ки чанд рӯзи пеш ифтитоҳ гардида, нахустин меҳмононаш раисони ҷумҳури Эрон, Афғонистон, Чин, Русия, Муғулистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва дигар афроди воломақом аз дохилу хориҷи кишвар буданд.

Ин бино, ки дар шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар соҳили кӯли ҷавонон, бо шукуҳу шаҳомати хосса бунёд ёфтааст, миёни сокинону коршиносон назарҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Бисёриҳо аз ин бино ҳамчун нишонаи бузурги фарҳангу меъмории миллӣ истиқбол мекунанд, аммо қисми дигар бо зикри бенавоии мардум ва заъфи иқтисоди Тоҷикистон сарфи маблағҳои калонро барои чунин биноҳо нолозим мешуморанд.

Қаблан сомонаи eurasianet.org арзиши ин биноро беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кард, ки тақрибан як дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Расман то ҳол дар бораи арзиши ин бино иттилое дода нашудааст.


Мӯҳр
Хамааш оли бехтарин накшу нигори милли бо ороишоти хоса наш ёфтааст. Аммо аз нигохи мо шояд инчо сурати оилавии Президенти кишвар каме зиёдати бошад. Чун ин моли миллат асту дар таърих мемонад. Аммо боз мутахассисони соха медонанд. Ин дидгохи як нафар аст. Боки хамааш хуб аст.

Dev
Точик,
Man ham haminro guftani budam. Hamaash hub, vale rasmi Rahmonro fakat tarih hak dorad ,ba joe hakkoki kunad, agar munosib donad.

Душанбегӣ
Бояд байни шахсию оммавӣ каме сарҳад гузошт. Ин дурусттар ва аз рӯи инсоф мебуд. Воқеан Кохи Наврӯз беҳтарин сохтмон аст, биёед акнун дигар ин гуна сохтмонҳои "бошукуҳу шаҳомат" дигар насозему ба индустриализатсиякунии кишвар аҳамият диҳем. Як пешниҳод дорам, ба назарам хуб мешуд агар мо 10 сол барои сохтани чунин биноҳои гаронарзишу зебо моратория эълон намоем, аниқтараш онро аз ҳисоби бюҷети давлатӣ насозем. Бигузор саноату бахши хусусиро таррақӣ диҳем, баъд мебинем, ки садҳо чунин ва аз ин ҳам зеботар биноҳо бунёд мешаванд, на танҳо давлат балки бахши хусусӣ низ метавонад чунин биноҳо созад. Оҳиста оҳиста ҷомеаро аз дохилаш обод намудан даркор, бо як ҳусни сатҳӣ ва бемоҳият мо дур намеравем.

бале ман хам чунин фикрро дорам, ки расми президенти кунуниро танхо таърих хак дорад бигузорад. дар Точикистон модарони точик устод Айни, донишманди бузург Бобочон Гафуров барин фарзандони барумандро ба дуне овардааст. чаро ин модарон дар накш нестанд?

Саидчон Ёкутистон
Ахсант ба он хунарманде,ки чунин кохро сохта ва ахсант ба чаноби Рахмон чунки дар замони хукумронии у ин ёдгорихо сохта мешаванд. Хар касе чи фикре дорад гуфтан гирад ман фикри худро баён кардам...

safo
халк дар гадои пеши пои русу казок - ин хама мисли ош хурдан аст дар сари кабри мурда

Мардуми тули сад соли охир ба дидани таппак одаткарда аз дидани асари олихаи меъмории точик вокеан ангушти хайрат газид. Кохи Навруз назири олитарин асархои меъмории то хол офаридаи башарият аст, ки дар дахаи аввали карни 21 бунёд шудааст ва хеле масарратбахш аст, ки онро дастони муъчизасози устоёни точик офаридаанд.

65
Хамаш хубасту лекин аз хисоби буча сохтани чунин иншоотхо дуруст нест буча бояд ба сохахои харби,маориф ва маданият ва некуахволии барчомондаю бознишастахо равона карда шавад.Нафакаи мачрухи

И аку чи мешуда боша? Курутовхонаш кнен

пв
Инро Рахмон барои худаш ва кабули мехмонхояш сохтааст. Ба мардум аз ин чизе намерасад.

Бародарон шуморо хеч фахмида намешавад. На ободи на ороми мефорад шуморо. Дар масъалаи расм бошад Э Рахмон хамчун кахрамони миллат барои нигохдории миллат корхои зиёд кардааст. Чи хохед нависед ба фикрам рохбари давлат нагзтар мефахмад бурдани сиёсати дурустро.

.
said,

Рост мегуянд мардум, хеч лозим нест хамон чо расми хонаводаи Рахмон. Чи кахрамони кардааст, инро бояд наслхои оянда казоват кунанд, на ману шумо.

бетарин Чаноби Оли дорем зебандааст шукрона бояд кард ба ин Чаноби Оли Кахрамонани аст. хаму кохи навруза хами сурат бо зеботар кардааст. бародаро
пастзании точики хутона партоен

инро барои мардуми Точикистон кардааст бародаро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)