Бахшҳо

Парвандаи ҳалокати кӯчаруб: “ҳамтақдир”-и қазияи Расули Амонулло ё мошиншӯи 21-сола?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Суръати як худрав бояд чанд бошад, ки инсонеро чанд пора бисозад: 120, 130, 180, 200 ё 300? Оё имкон дорад, сабукраве бо суръати 60, 80 ва 100 одамро аз миён ҷудо намояд ва як пояшро ба масофаи даҳо метр дуртар аз дигараш афканад?

Тақдир буда, ки риштаи умри Зеварбону Пироваи 53-сола зери чархи мошин канда шавад. Танҳо Худо медонад, ӯ дар кадом ҳолат ҷони худро ба ҷонофарин таслим кардааст. Он гуна, ки наздикони Зеварбону мегӯянд, ҷасад “ягон ҷои обод” надоштааст. Аз ин рӯ, ба бештари хешовандони ӯ дар рӯзи ҷаноза, иҷоза надодаанд, бори охир рӯяшро бубинанд. Ҳатто нагузоштаанд, ба сони сафед, ки дарунаш пораҳои алоҳидаи узвҳои баданаш ҷамъ оварда шудаанд, даст бирасонанд...

Аз Зеварбону чор фарзанд монда. Писари бузурги ӯ, ки ҳамроҳ бо шавҳараш дар Русия мардикор будаанд, ҳатто ҳамон дидани сони сафед, муясар нашуд.

Зеварбону сокини ноҳияи Синои пойтахт буда ва чанд соли охир ба ҳайси роҳрӯб фаъолият доштааст. Зимни суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” ҳамкорони ӯ, гуфтаанд, “як инсони хубе буд”. Ба гуфтаи онҳо мехост писари хурдияшро хонадор кунад, орзӯе, ки акнун ба хок бурд.

Ба қавли ин роҳрубон, Зеварбону маҳалли як ҳамкорашонро, ки ахиран бо далели бознишастагӣ аз кор рафта буд, низ тамиз мекард ва ҳангоми рафтан ба ҳамон минтақа мошин зераш кардааст. Аз дидани ин ҳолат ду кӯчаруб аз ҳуш рафтаанд. Гуфта мешавад, ронанда баъди он ки Зеварбонуро зер кард, мошинро нигоҳ надошта, ҳамчунон ба роҳаш идома додааст.

Рӯзи ҷаноза аллакай гап-гап буда, ки ронандаи мошин корманди прокуратура аст ва дар кӯчаи Чехов зиндагӣ мекунад, маълумоте, ки ҳанӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст. Ба қавли шоҳидон, роҳрубони ҳамкори Зеварбону, воқеа соати 4:30-и субҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар соате, ки танҳо роҳрубон дар кор ҳастанд. Як корманди додситонӣ ё ҳар идораи давлатӣ ё ғайридавлатии дигар дар ин соат ба куҷо меравад: ба кор ё аз кор бармегардад?

Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунад. БДА-и ҷумҳуриявӣ мегӯяд, бо сабаби он ки ин ҳодиса дар ҳудуди шаҳри Душанбе шудааст, наметавонад маълумот бидиҳад. БДА-и шаҳрӣ аз боздошти як ронандаи “Мерседес” хабар доду бас ва танҳо наздикиҳои аср гуфт, парвандаро ба прокуратура ирсол кардаву “салоҳият”-и суҳбат кардан дар ин мавзӯъ дигар дар ихтиёраш нест. Сомонаи Вазорати умури дохилӣ бошад, аз садамаи як “дучархаи тамғаи “Скутер” хабар додааст, ки “ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Хуҷанд-Ғафуров аз беэҳтиётии худ” як пиёдагарди 34 соларо маҷруҳ кардааст.

Ҳоло дигар танҳо интизори адолати додгоҳӣ мешавем. Бубинем, ин адолат мисли парвандаи пурсару садои Расули Амонулло, ки се куштаву се маҷруҳ бар ҷой гузошт, бо 120 сомонӣ аз ҷайби модари писари собиқ раҳбари роҳи оҳан барқарор мешавад ё монанди мошиншӯи 21-сола, ки бо “Мерседес”-и як мизоҷаш дар Душанбе се садама карда, аммо касе ба ҳалокат нарасид, бо 7 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш пурзӯр.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин ходиса ба категорияи чиноятхои вазнин медарояд. Барои чи ронанда маълум корманди прокуратура то хол ба хабс гирифта нашудааст. Бо як кирдори ночиз дар назди корманди прокуратура афтед бинед чи хел гуфтору рафтор мекунанд. Барои он ки аз шумо пули калонтар ситонад хамин кадар вохима мекунад, ки гуё шумо 100 одам куштаед. Факат барои як муфатиши оддии прокуратура шудан 20 хазор доллар медиханд, баъд албата чиноятро руйпуш мекунад. О дар кучаву маракахо корманди прокуратура гуфта бо одамон бо нуги ангушт салом карда худро аз дигарон боло гирифта метавони ку. Боз аз чои ходиса мегурези "махмудгерой"

Муовини прокурори нохияи Сино хамачода овоза шуд баромад озодагон нагзакак худат медони руй пуш мекуни ходисаро ха?Битарс аз охи мазлумон ки хангоми дуо кардан,Ичобат аз дари Хак бахри истикбол меояд.Иншоаллох як руз як руз Худованд хака ба хакдод мерасонад.

Артиш
Аввалан на хама кормандони прокуратура чунин хастанд.Дар прокуратура хеч набошад 10 фоизи кормандони босавод ва тоза ёфт мешаванд.Он тарафаш кори милиса бигузор он прокурорро ё каси дигарро,ки даст ба чунин чинояти вазнин задааст ёфта,аз дулчаи санги осиёб гузаронанд.Токати халк ток шуд.

дилсуз
яъне номи ин шахс махмуд аст?

агар хар касе ки дили инсони дораду модарро эхтиром мекунад, рахмаш меояд, бояд якумри зиндони шавад. агар намегурехт аз кори кардааш пушаймон мешуду узр мепурсид, шояд каме хамчун инсон мефахмидам.

Чи фоида дорад ин навиштанихо мардуми бечора дар азоб буд ва мемонад ин хам монанди писари Хукумов мешавад чарима бас аст барои ин ронанда ин кадар вазмин нагиранд ин бечорахо пул надоранд 57 сомони мешавад чаримаи ин садама

Зокир
<бо хафт экспертиза бегунох ва озодаш мекунанд" Щиори милисаи имруза "гур сузаду дег чушад"

Ба Сухроб
чи ту ба Озодагон мечаспи, охи дили мазлум гунахгорро мегирад, на бегунохонро. бечора рузноманигорон ба маьлумоти мо хакро расонанду боз гунахгор шаванд а? Озодагон яке аз се рузномае ки Ман эьтикод дорам. Муваффакият ба шумо рузноманигорони азиз!

Точиквар
Алами миллати точик аз он аст,ки Расул 3 точикро пахш карда кушт!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)