Бахшҳо

Вазири тоҷик: Аз дурӯғу ҳақиқати Эрон то мубориза бо бадномсозиҳои Ислом

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, тоҷикон танҳо баъд аз фурӯпошии ҳукумати 70-солаи коммунистии шӯравӣ тавонистанд, аз ҳақиқати таърих ва дини мубини Ислом, ки наздик ба 99%-и аҳолии кишвар пайрави онанд, огаҳӣ ёбанд.

Орумбекзода, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Теҳрон қарор дорад, дар суҳбат бо хабаргузории “Ирна” гуфтааст, “давоми 70 соли ҳукумати коммунистии шӯравӣ таблиғоти манфӣ алайҳи Эрон ва Ислом ба ҳадде сахт буд, ки мо ин давлатро як кишвари мусулмононишини ифротӣ ва мутаассиб медонистем.”

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз раҳо шудани тоҷикҳо аз банди коммунизм ва огаҳӣ ёфтани онҳо аз ҳақиқати таърих, арзишҳо тағйир ёфта, дигар баҳсу ихтилофҳои бемаънои “Фирдавсӣ аз кӣ асту Рӯдакӣ мутааллиқ ба кадом кишвар аст?” поён ёфтаанд: “Эрон ва Тоҷикистон аз лиҳози динӣ, забонӣ ва қавмӣ бисёр ба ҳам наздиканд. Тоҷикҳо форсизабон, ориёӣ ва 99% мусулмонанд.”

Ӯ дар идома аз расонаҳои ҷаҳони Ислом даъват кардааст, дар баробари таблиғоти густурдаи дурӯғини Ғарб алайҳи ин дин ба муаррифии ҳақиқати Ислом ва омӯзаҳои он пардозанд: “ВАО-и кишварҳои исломӣ бояд дар баробари баъзе ворунасозиҳои Ғарб, ҳақиқати Исломро, ки ҳамон сулҳу созандагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ қоил аст, баён кунанд.”

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар Ғарб баъзеҳо талош доранд, аз Ислом як дини хушунатгарову таассуби кӯркурона ва нақзкунандаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон нишон диҳад: “Ислом волотарин ва нобтарин омӯзаҳоро барои тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон дар ҳама давру замонро ироа мекунад. Аммо душманон аз ҷаҳлу нодонии худи пайравони ин дин, ки решаи аслии мушкилот ва нокомии онҳо дар он аст, сӯиистифода карда, манофеи худро пиёда мекунанд. Арзиш ва таълимоти китоби Қуръон роҳи расидан ба як инсони комилро нишон медиҳад, адабу хирад, бузургдошти донишмандон, амалу афкори созанда ва пӯёро барҷаста мекунад.”

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди гуруҳҳои ДИИШ ва ал-Қоида изҳор доштааст, ки амали онҳо ҳеч рабте ба Ислом надорад ва китоби Қуръону равиши зиндагии паёмбар Муҳаммад (с) олитарин намуна ва беҳтарин далел барои исботи дини муҳаббату сулҳофар будани он аст.
Мӯҳр
Ином
Аз хамин Эронда барои мардуми точик хамон давраи шурави нагз ва бехтар буд. СССР давлате буд,ки гамхори халки камбагал буд ва хамаи мардум бо чои кори доими таьмин буданд. ЗИНДА БОД СССР!!!!!!!!!!

Чалол
Акаи Шамсиддин агар хозир академикхои мо фахманд, ки Шумо дар бораи дини мубини Ислом харф задед Шуморо назхати мебароранд.

Вазир хеле хуб гуфтаанд: "Арзиш ва таълимоти китоби Қуръон роҳи расидан ба як инсони комилро нишон медиҳад, адабу хирад, бузургдошти донишмандон, амалу афкори созанда ва пӯёро барҷаста мекунад".
Шояд ин ишора ба Раиси Кумитаи дин Холиков бошад, ки аз нав таълимоти Куръонро дар Точикистон ичозат диханд. Алхол он кас бо бастани дари мадрасахои ибтидоии кишвар ва манъ кардани намозхонии чавонон дар масчидхо ин арзишро аз байн бурда истодаанд.
Рохи ягонаи дур намудани чавонон аз созмонхои ифроти ба рох мондани таълимоти дурурсти дини мубини ислом аст.

Хак
Хак ба чониби Вазири фарханг Орумбезода, мухтарам кормандони бо эхтироми Озодагон аз Шумо хохиш менамоем, ки Шумо дар баррасии масъалахои бисер доги Руз ва камбудихои чойдоштаи чомеаи имруз мусоидат кунанда ва кумаккунандаи мардум мебошед ва маводхои заруриро шафоф ва сари вакт ба намоиш ва нашр менамоед мо аз Шумо минатдор мебошем, хамзамон як хизмати Шумо оиди боз хам равнак ёфтани Сиёсати имруза хохиш ба амал меорем, ки чунин ашхос ба мисли имруза Раиси Кумитаи Дин ба омузгори машгул шуда, Орумбекзода барин шахсиятхои бо илм ва бо фарханг бо хайси Риси Кумитаи Дин таъин карда шавад.

Inro az kujo yofta vazir kardiyan Mo hayron chi hizmat karda boshad tavba

Дар, ин макола бояд, ин гуна сухан чой ,медошт- Мо Точикон Мусулмонем, конун дорем,ки то 18- сола ба хонаи ХУДО нараванд ,аммо конун надорем,ки мурдаи то 18-соларо, ба хонаи ХУДО бурданашро то хол кабул накардем,чохор сол шуд дар ,чустучуи,конуни ,мурдаи, то 18- солахем.

Абдулло
Aslon,
аслонҷуйи шрин бо чи хизмат мекард ҳатман бояд да вактш узви фронти халқкуш мешуд то хизматаш ба ҳисоб меомад. ту ва ту барин факат ҳаминро хидмат медоне
ман аввалин вазиреро мебинам ки чунин шево ва донишмандона суҳбат мекунад
ҳоло як тоҷики бо савод пайдо шуд боз туҳо сар карде

тахлилгар
Гапхои умуми дигар ба навъи давлатхо нест, иктисодиётро рушд додан лозим, эронихо фахмидагиан, ки мо чидди нестем ва ахамият намедиханд, маблаггузорихои калон намекунанд, масалан фардо маросими бахрабардории рохи охани Эрон-Туркманистон-Казокистон дар устони Гулистон бо ширкати хар се рохбари кишвархои номбаршуда доир мегардад, ин аст пешрави, дипломатия, аклу фаросат, на ля ля и бехуда. Суханони ман ба мухтарам Шамсиддин Орумбеков дахл надорад.

Ҷаноби Вазир гузаронд.

Dev
ДИЛОВАРШОХ.,
Digar shumo az hamin 99 %-u rishu fash dur nashided ki nashuded!Ba gajr az in zindagi hast, peshravi lozim, hondan lozim, adabijothoi garbu sharka hondan lozim, az tehnikavu lavozimoti modern istifoda kardan lozim, to guri zana chukurtar koftan uro avval hurmat kardan loziom, zindagiro tabiatro dust doshtan lozim...shumo nimchamusulmonhovu nimchatojikho bo nimchafahmishatonu nimchazindagiaton hamara digar zik karded.Hamai jamu tarha mebared ba musulmoni pajvas mekuned,chun govi beshir dod mezaned,ki "mumin barodari mumin" ,vale dar kadami avval "barodaratona" tagi jar "hidoyatush" mekunen.Bore ham az hamun "dindoriaton" sharm namekuned...

Солим
Цитата: Хак
Шояд ин ишора ба Раиси Кумитаи дин Холиков бошад, ки аз нав таълимоти Куръонро дар Точикистон ичозат диханд. Алхол он кас бо бастани дари мадрасахои ибтидоии кишвар ва манъ кардани намозхонии чавонон дар масчидхо ин арзишро аз байн бурда истодаанд.


Цитата: Чалол
ЗИНДА БОД СССР

Путин дар кадом баромадаш гуфта буд, ки "кто не сожалеет о развале СССР тот не имеет сердца, а хочет его восстановить тот дурак"

Кохира
Ахсан, бехтарин Вазир ва шахсият! Ба рости вакто сухан дар бораи хукуку озодихои инсон меравад, алалхусус Этикодхои динии шахрвандони мо, кас дар хайрат мемонад, ки имруз ба ин масулини робарияти Кумитаи Дин ва Шурои уламо чи шуда бошад, ки фазои имруза ва сиёсати пешгирифтаи ру ба таракии Ватани моро барбод ва е беобуру мекунанд.
Ба рости ман аз сиесат фархсангхо дур мебошам, локин баъзе аз намояндагон ва масъулини Динро, ки аз Дастгохи Президент одинашо аст е муродов аст ба шахру нохияхо омада ба кавле мачлис мегузаронанд ба чехра ва суханони онхо мебинед аз Дину аз мазхаб 1000 солахо дур мебошанд, ягон буй аз Дин намебарад

Рустам
акай Вазир хестики хови Эрон дар хаёти сарш бо мо дуст нест бар акс душмани ашади мардуми Суннат аст ва инро ба худат фахм ки то замонеки ин палидхой шиъахой эрони дашному бухтону хакоратро нисбати асхоб бас накунан хеч махал ахли суннат бо шиъа дусти намекунанд ва аз вазир мехохам ки кам кам китоб хонад гуфти худаш равиши пайгамбаро омузад сахе ал бухори хонад

ХАКГУ
Ваазир суханони ХОЗИР ИМОМРО Такрор гуфтааст

давоми 70 соли ҳукумати коммунистии шӯравӣ таблиғоти манфӣ алайҳи Эрон ва Ислом ба ҳадде сахт буд, ки мо ин давлатро як кишвари мусулмононишини ифротӣ ва мутаассиб медонистем.”
Овоза буд, ки чаноби вазир аз фарханг дуранд, вале холо маълум мешавад, ки таърихро хам намедонанд. Дар замони шурави,хусусан аснои сари кудрат будани Пахлавиён байни Точикистону Эрон робитахои хамачониба вучуд дошт. Дар сохаи худатон фаъолияти Сайид Нафисиро оид ба Точикистон ва сафархои уро ба кишварамон ба ёд оред.
Хамчунин дар он давра дар Эрон даххо корхонахо сохта шуданд ва садхои нафар тарчумонхои точик дар он кор кардаанд. Гутанихои дигар хам хаст, вале бо хамин иктифо мекунем

Ином,
Ином,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)