Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Сафири Финляндия аз вазъи ҳамкориҳо дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунад

19 сентябр 2011, 06:15

Лоиҳаи  ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Финландия дар бораи “Баробарҳуқуқӣ дар назди қонун - роҳи адолат дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ гардид.

Ин пружа зимни мулоқоти Рустам Назаров, директори агентии назорати маводи нашъаовари  Тоҷикистон бо хонум Туулу Юрёла, сафири Финландия дар ҷумҳурии мо мавриди муҳокима қарор гирифт.Тавре аз агентии мазкур ба «Озодагон» хабар доданд,  зимни ин мулоқот директори агентӣ сафирро бо вазъи маводи мухаддираи ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шинос намуд.

 

Гуфтанист, хонуми сафир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Финландия дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон баҳои баланд дод. Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои оянда дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед намуданд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!