Бахшҳо

Маркази исломӣ: “Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад”

Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҳамлаи гуруҳи террористии Толибон ба яке аз мадориси шаҳри Пешовари Покистон, ки мунҷар ба қатли беш аз 150 сокини осоишта гардид, шадидан маҳкум карда, онро амали ваҳшиёна ва ғайриинсонию исломӣ хондааст.

Дар изҳороти ин марказ, аз ҷумла таъкид шудааст, “Ислом касонеро, ки даст ба ҷинояти сангин, яъне қатл ва куштор мезананд, такфир намудааст. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд: “Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад”.

Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, анҷоми ин гуна амалҳои ваҳшиёна, ки боиси қатлу куштори мардуми бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мегардад, ҳеч иртиботе ба дини мубини Ислом надорад. “Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом на танҳо резондани хуни мусалмон ҳаром аст, балки резонидани обрӯи шахси мусалмон низ ҷурми сангин аст. Хусусан ба қатл расонидани кудакон ҷинояти нобахшиданӣ маҳсуб мегардад. Зеро Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Ҳар навзод бо имони фитрӣ таваллуд шудааст”. Агар мо ба таърихи садри Ислом назар андозем, мебинем, ки мусалмонҳо баъд аз он ки душманон ба сарзамини онҳо лашкаркашӣ карданд, дар натиҷа мағлуб мегардиданд ва мусалмонҳо онҳоро муҳосира мекарданд, аз куштани кудакон, занон ва беморон ва пиронсолон худдорӣ мекарданд”,- омадааст дар изҳорот.

Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон аз баъзе гуруҳҳое, ки барои пиёда кардани аҳдофи худ дар замони муосир аз таълимоти дини муқаддаси Ислом сӯистифода мекунанд ва Исломи нобро ба сиёсат олуда мекунанд, даъват кардааст, аз ин амалҳои хеш даст бардоранд. Дар охир масъулини Маркази исломии кишвар бори дигар ин ҳамлаи гуруҳи Толибонро маҳкум карда, ба наздикон ва пайвандони қурбониён ибрози тасалият гуфтаанд.
Мӯҳр
муаллим
мардуми точик дар фасли сарди зимистон бебарк хастанд ва дар якшабонаруз 6-8соат барк мегиранд,магар ин хам берахми нисбати мардум нест?

марчон
Аз дуди ангишт мемуранд мардуми мо магар ин бе рахми нест. Албата ин кори кардаи ин террористон нобахшиданист, лекин Уламои муътабар як бор ним бор дар бораи азоби мардуми точик низ изхорот дихед

إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَظْلِمُونَ النَّاسَ وَيَبْغُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ أُوْلَئِكَ لَهُم عَذَابٌ أَلِيمٌ
Роҳи накуҳиш танҳо бар касоне аст, ки ба мардум ситам мекунанд ва дар руи замин ба ноҳақ сар бар медоранд, онон азобе дарднок хоҳанд дошт.
Сураи Шуро, ояи 42.

786 Кулоб
Салом мардуми мусулмон, дидан ва шунидани азобу машакати дигар мусулмонон нишонаи драчаи имони хар мусулмоне аст, ин кори хуб аст. Мардуми мусулмони точик хам бояд дида шаванд ва шунида шаванд. Масулон ва сохибмансабон хам дар ин дунё ва хам дар ондунё сахттар аст чавобагуияшон, бояд сари акл биян ё ба сухани дил ва эмонашо гуш бидиханд агар доранд инхоро. Мардуми точикро кумак кунен камтарин имконоти зиндагияшонро барк, об, газро фарохам кунен, зулм ва ситам накунен ки Худованд хечгох дуст надошта ва намедорад, ба шиддат азоби алим мекунандашон. Эхтиёт кунен.вассалом.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)