Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

Таъсири моддаҳои радиоактивӣ ба муҳити зист баррасӣ мешавад

20 сентябр 2011, 11:38

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 26 то 30 сентябри соли равон  ҳамойиши байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъсири моддаҳои радиоактивӣ ба муҳити зист» доир мегардад.


Тавре  ба «Озодагон» аз  агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии академияи илмҳои  ҷумҳурӣ   хабар доданд, дар семинари мазкур мутахассисон аз кишварҳои Юнон, Испания, Кипр, Хорватия, Беларус, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Латвия, Литва ва Полша иштирок  мекунанд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории ҳамойиши мазкур мубодилаи таҷриба оид ба татбиқи меъёрҳои агентии байналмилалии назорати маводи ҳастаӣ (МАГАТЭ) дар масъалаи таъсири моддаҳои радиоактивӣ ба муҳити зист ва аҳолӣ мебошад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!