Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Ёди поки Раббонӣ дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон унвонии Ҳомид Карзай, райисҷумҳури давлати исломии Афғонистон дар робита ба марги Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раҳбари ин кишвар, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон барқияи тасаллият ирсол дошт.


Дар нома аз ҷумла омадааст, «Ҷалолатмаоб, бо андўҳи азим ва даҳшату ғазаб хабари марги фоҷиабори собиқ раисҷумҳури давлати Исломии Афғонистон устод Бурҳониддини Раббониро дарёфт намудам.Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷўи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост, чун охирин маснаде, ки марҳум дошт, вазифаи Раиси Шўрои Олии Сулҳ дар кишвар буд. Душманони ободиву осоиши Афғонистон устод Раббониро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале ёди поки ў дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд ва муборизони асилро барои кору пайкор ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва шукуфоии Афғонистон солҳои мадид рўҳбаланд хоҳад кард. Хоҳишмандам, таъзия ва тасаллияти самимии инҷониб ва мардуми  Тоҷикистонро бо ин талафоти ҷуброннопазири мардуми Афғонистон бипазиред ва ба ёру наздикони марҳум бирасонед.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».

Тибқи иттилои расонаҳо, Бурҳонуддини Раббонӣ пас аз зӯҳри рӯзи сешанбе (20-уми сентябри соли 2011) дар манзили зисташ дар Кобул ҳангоми мулоқот бо намояндагони Толибон кушта шуд. Ин ҷунбиш масъулияти қатли Раббониро ба ӯҳда гирифт ва гуфтааст, ба хотири ба даст овардани эътимоди раиси Шӯрои Олии Сулҳ як ҳайъатро  ба наздаш фиристод, ки гӯё ба музокирот бо давлат алоқа нишон медод, вале дар асл фақат қасди куштани ӯро дошт.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ҳаракати Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории «Рейтерс»  гуфтааст,  Раббонӣ ҳамагӣ 3 қадам ба сӯи Муҳаммадмаъсум гузошта буд, ки ҷомаи ҳомили маводи мунфаҷираро тарконданд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)