Бахшҳо

ВКД Абдуллоевро дар бадномкунии додарарӯси Президент муттаҳам мекунад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як гузориш Бурҳон Абдуллоев, молики бозори “Ином”-и Шаҳритусро дар бадномкунии Муҳибулло Саъдуллоев, саҳмдори дигари ин бозор ва додарарӯси раисиҷумҳур муттаҳам кард.

Ин ниҳод мегӯяд, Абдуллоев қарори додгоҳро дар мавриди ба Саъдуллоев додани як қисми бозори “Ином” беасос хонда, тариқи расонаҳо Саъдуллоевро бадном мекардааст. ВКД мегӯяд тафтишот собит намудааст, ки Саъдуллоев расман яке аз соҳибмулкони бозори “Ином” мебошад, аммо Абдуллоев инро рад карда, ба баҳси тиҷории худ тобиши сиёсӣ медод.

Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ дар пайи содир шудани қарори додгоҳ Абдуллоев аз ҳисоби кинаю адоват 18 декабр ба ивази маблағи муайян ба Ҳошимҷон Ризвонов супориш додааст, ки қисмати ба Саъдуллоев тааллуқдоштаи бозорро оташ занад. Мақомот мегӯянд, оташсӯзӣ бояд шаби 19 декабри соли 2014 амалӣ мешуд, аммо маъмурини милиса аз он ҷилавгирӣ намуданд.

Ҳошимҷон Ризвонов, ки шарики Абдуллоев арзёбӣ мешавад, дар гузориши ВКД шоҳидӣ додааст, ки “аз мағоза дастпӯшак, зажигалка ва аз нуқтаи сӯзишворӣ дар 8 зарф 12 литр бензин гирифтем. Симкартаҳоро иваз намудем, то дар вақти суҳбатҳо ба даст нағалтем. Тариқи ҷӯйбори обпарто омадем, ки мақомоти милиса моро дастгир намуданд.”

ВКД мегӯяд, боздошт соати 24:00-и шаб ҳангоми ба назди бозор ҳозир шудани Ризвонов сурат гирифтааст.

Ба иттилои мақмомот феълан алайҳи Ризвонов Ҳошимҷон ва Бурҳон Абдуллоев бо моддаи 32 қисми 3- тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Аммо Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев гузориши ВКД-ро аз ҳақиқат дур ва беасос хонд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин барнома назари Бурҳон Абдуллоев, ки ӯро дар оташ задани бозори худ гунаҳкор мекунанд, шунида намешавад: “Чаро дар ин гузориш Абдуллоевро намоиш намедиҳанд ва аз ӯ боре ҳам намепурсанд, ки ин ҳарфҳои Ҳошим то куҷо ҳақиқат доранд? Дигар ин, ки вақти боздошт, Ҳошим дар ҳолати мастӣ қарор дошта, ӯро берун аз бозор дар рӯбарӯи пости БДА дастгир мекунанд. Одаме, ки қасди оташ задани бозорро дорад, дар назди пост чӣ кор мекунад?”

Хонум Абдуллоев инчунин илова намуд, дар ин қазия Ҳошими як шарики дигар низ дорад, ки маҳз ӯ ин ҳама маводи сузишвориро омода ва ба дасти Ҳошим медиҳад, аммо дар гузориши ВКД аз ӯ зикре нашудааст.

Дар ҳамин ҳол ахиран Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори “Ином”-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд ва таҳқиқи парвандааш идома дорад.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Lailo
интиресно ин Мухибуло аз Кургонтепа аст ва ин Абдуллоев аз шахринав ачоиб да касе сум дорад сохибмулк аст

Анас
Точикистон аз мани

Muhibullo az DangaraLailo,
Lailo,

Офарин ба кормандони ВКД!агар онхо ин тавр пешгирии чиноятхо кунанд хама гулистон мешавад ку!аммо........

Ахсан ба кормандони ВКД. Рости ин одам ва занаш бисёр гузаронданд. Мухибулло мардигари карда нисфи бозора дод хам гиру худо гуфта шин нимта нон рохати чон гуфта, чи ика аз худат намедонам ки сохти. Акнун бозор ба доду войат намерасад ))))))))))))))))))

ЧИНДИ
ДАХ МАРДИ ХИРАДМАНД ДАР ЯК ГИЛЕМ МЕГУНЧАНД, ЛЕКИН ЯК ШАХСИ ДОРО ТО ХАМА ЧОРО ЗАБТ НАКУНАД,ДИЛАШ КАРОР НАМЕГИРАД! (ЛЕВ НИКОЛАЕВИЧ ТОЛСТОЙ).
НОМАРД ХАМЕША ДАСТАШ БОЛОСТ! (ХИКМАТИ МУХИБ)

yyyyyy
Бародар ва хохари азиз Абдуллоев метарсан аз он, ки моликиятатонро аз дастатон гирифта боз шуморо тухматвор накарда гов суд накунанд. аз бало хазар арбоб мезанад ба хар боб.

ох ин чигап,
то ба кай намешавад ки хамин Саъдуллоев ягон бозори дига дар кургантеппа созанду як гушаи шахрро обод кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)