Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:17

Гази Ӯзбакистон бойиси гароншавии арзиши семент дар Тоҷикистон аст

22 сентябр 2011, 06:28

Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон дар имсол ба 350  ҳазор тонна расонида мешавад, ки  ин нишондод ҳамагӣ  ба 17 фоизи талаботи солонаи кишвар баробар аст.


Дар ин бора як манбаъ аз вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, талаботи солонаи Тоҷикистон ба семент  ҳудуди 2 миллион тонна аст ва баробари  роҳандозии лоиҳаҳои нав он рўз ба рўз афзоиш ёфта истодааст. Ҷиҳати  қонеъ намудани талаботи кишвар ҳамасола аз Покистон, Чин, Русия ва дигар кишварҳо 100 – ҳо  ҳазор тонна семент ворид мегардад.

Сарчашмаи хабар тасдиқ кард, ки сементи воридотӣ, сарфи назар аз хароҷоти зиёд зимни инти ол дар бозорҳои кишвар тақрибан баробари сементи ватанӣ нарх дорад. Вай сабаби  қиммат будани сементи истеҳсоли Тоҷикистонро, камиқтидории корхонаҳо ва гаронии гази ўзбекӣ унвон кард: «Дар ягона корхонаи калони сементбарории кишвар, - «Тоҷиксемент» дастго ҳҳои замони шўравӣ ва гази ўзбекӣ истифода шуда истодааст, ки ин  ҳам ба нархи семент таъсир дорад. Дар корхонаҳои дигари хурд, ки зимни истеҳсоли семент ангишт истифода мешавад,  қиммати он аз сабаби камиқтидории корхонаҳо баланд аст.Чӣ  қадаре корхона калонтар бошад,  ҳамон  қадар арзиши аслии маҳсулоташ арзон хоҳад буд».

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар 6 корхонаи хурд ва як корхонаи калони сементабарорӣ, - «Тоҷиксемент» кор карда истодаанд ва дар ду соли наздик сохтмони ду корхонаи дигари иқтидори  ҳар кадомашон 1 миллион тонна ба нақша гирифта шудааст. Масъулини вазорат таъкид мекунанд, ки корхонаҳои хурду бузурги сементбарорӣ, ки минбаъд дар Тоҷикистон сохта мешаванд, бо истифодаи ангишти ватанӣ фаъолият хоҳанд кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!