Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Тоҷикстандарт дар 8 моҳ аз прокуратура 312 нома гирифтааст

22 сентябр 2011, 10:20

Тайи 8 моҳи ахири соли равон, агентии Тоҷикстандарт оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва сифати маҳсулот 3 ҳазору 283 санҷиш ва назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор гузаронидааст, ки дар 929 санҷиш ва назорати давлатӣ камбудиҳо ошкор гардидаанд.


Тавре аз маркази матбуотии агентии мазкур ба хабаргузории « Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин давра 348 партияи маҳсулот бо сабаби ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ  набуданашон, аз сари нав коркард ва қисман нобуд карда шуданд.

Сарчашмаи манбаъ, илова намуд, ки тӯли 8 моҳи ҳамин сол, ба агентии мазкур 596 мактуб, аз ҷумла аз мақомотҳои прокуратура 312, ВКД ва сохторҳои он 132, аз кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17, аз агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 25, аз мақомотҳои судӣ 72 ва аз хадамоти гумрук 38 -то ворид гардидааст, ки ба ин мақомотҳо хулосаҳои асоснок пешниҳод гардидааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!