Бахшҳо

Посухи хонанда: Ақибмондагии мо на аз шеъргароӣ, балки дар хурофотпарастӣ аст

Матлаби “Шеързадагӣ” омили ақибмондагии тоҷикон аст?”, ба вокуниши зиёди хонандаҳо рӯбарӯ шуд. Ин матлаб дар бораи андешаи Меҳрон Мувваҳҳид, як сокини Афғонистон, ки “шеързадагӣ”-ро омили аслии ақибмондагӣ ва шикастҳои пайдарпайи тоҷикон гуфтааст, баҳс мекард. Зимнан, як корбари “Озодагон” дар шарҳе хурофотпарастиро сабаби аслии ақибмондагии тоҷикон гуфтааст.


“Фарҳанги ориёӣ бо Авасто падид омада, ки шеър аст. Ҳамчунин даврони пешин одат буд, ки агар олими дигар соҳа нахуст шоир набошад, ӯро касе намепазируфт. Зиндагии ориёёна дар пардаи оҳангҳои кайҳонӣ мутаҳаррик будааст ва на ҳар каси дигар тавони дарки ин оҳангҳоро доштааст. Аз ин рӯ зиндагии мо бидуни шеър буда наметавонад. Ҳар куҷо шеър аст, оҳанг аст, ҳар куҷо оҳанг аст, шӯр асту тараб ва ишқ асту муҳаббат. Дунё лаҳзае бидуни ишқу муҳаббат буда наметавонад. Таърихи миллат ба мо дар қолаби шеър мерос мондааст. Он чи дар наср буда, аз байн рафт. Шеър аз дилҳо ба дилҳо гузашта, забон ба забон парвозӣ шуда фарҳанги моро то ин авқот овард. Касе ки гуфта, шеързадагии тоҷикон онҳоро қафо мебарад, иштибоҳ мекунад. Қафомонии мо дар беҳурматии мо дар нисбати шеър аст. Шеър чуди Худовандӣ аст ва ҳар ки дар нисбати ин саовати яздонӣ номеҳрубонӣ кунад, гуноҳ мекунад. Шеърро аз решаи таърихиаш кандем. Имрӯз шеър на ҳикмат дораду на фалсафа ва на дар худ илме ғунчонда метавонад. Сухан бисёр аст, вале иктифо мекунам.

Ақибмонии мо на аз шеъргароӣ, балки дар хурофотпарастии мо аст. То вақте аз чаҳорчубаи хурофот, ҷудоиандозӣ, мазҳабгароӣ бурун наоем, ҳеч гоҳ пешрафт нахоҳем кард. Агар имрӯз мо ба Ислом аз нигоҳи дини ҳақиқат, дини вақт ва дини замон нигох накунем, пешрафт нахоҳем кард. Агар Исломи имрӯзро чун Исломи асри 21 қабул карда натавонему то ҳанӯз дар хурофот ғафлат занем, ҳамчун бародарони афғони худ асрҳо дар хоби гарон хоҳем буд. Бисёр баҳс аст, вале вақт кам. Ба ҳамаи тоҷикон ваҳдату сулҳ хоҳонам".
Мӯҳр
Салом ба кулли хонандахои сомонаи ОЗОДАГОН! Мо имрузхо шоир мегуему нависанда агар рузноманигор як пурсиш гузаронан миёни мардум, пас маълум мешавад ки мо шоир дорем ё на? Зеро бо бовари гуфта метонум ки 95 дар сади ахоли аз эчодиёти ягон шоир ё нависандаи имруза на шеър медонанд на ягон асари эшонро хондаанд, барои ки эчодиётшон дар сатхи хуб нест! Лекин аз ШОИРОНИ КЛАССИК пурсан бовари дорам ки аз 2 як нафар аз эчодиёти шоирони бузурги классикамон ё шеър ё ягон асарашонро хондаан. Кормандони Мухтарами ОЗОДАГОН як пурсиш гузаронед маълум мешавад!

Точиддин
Ин муаллиф худаш хурофотпарасти бесавод будасту дигаронро аз хурофот парасти мефахмонад.
Исломро худат нафахмида чихел Исломро ба Исломи муосир ва гайри муосир таксим мекунед. "ИННАД ДИНА ИНДАЛЛОҲИЛ ИСЛОМ". Аҳкому қавоиди Ислом ҳамонхеле ки буд хамонхел то рузи қиёмат хоҳанд монд.
АЛЛОҲИ Меҳрубон дар сураи "Аш Шуъаро" мефармояд.
221. Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?
222. Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд.
223. Гӯш фаро медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд.
224. Ва гумроҳон аз паи шоъирон мераванд.
225. Оё надидаӣ, ки шоъирон дар ҳар водие саргаштаанд?
226. Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд?
227. Магар онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд

Вохид
Ин бародар рост мегуяд, аммо мо дор холи хозир аз шеъгарои хам хеле дур мондем. Хурофотпарасти бошад дар авч аст. Сатхи саводнокии чавонон бехад паст, аз инчост ки онхо ба хурофот тез дода мешаванд. Чунин ба назар мерасад ки чахонбинии аксарияти чавонони точик хатто аз хамсолони афгони худ хеле кафо мондааст.

Хуршед,
Ана хамин якуму дуюми шумоен хурофотпарастони беаклу бефарханг аст, ки пайваста худро дар асри 14 хис мекунем.. Як бало карда дар асри 22 бо ерии шумоен дасту руйшуиву тахората ед гирифта хеле тараки мекунем.

Хурофоти
Точиддин,Сафсата...

Бандаи Худо
Бубахш маро посухдиханда. Илму амал холис бароиХудо шуд хосил меорад. Акибмондагии мо аз амри Худо, Бихонро ичро намекунему одампарасти менамоем, аст.

Ногуфтахо
Номи Авасторо гирифтаги чони яката нимта мулоччахо мебурояд. чунки инхо тамуддни дигаронро натанхо кабул надоранд балки мустаким душмани мекунанд ва мекарданд инчо албатта бахси мусулмон ё набудан нест ин хурофот аст хамон Умари сахобаи паёмбар хам хамин корро кард вакте масалаи китоби кабл аз исломи пеш омад фармон дод ки хар чизе ки бар фарханги исломи созгор нест оташ зада шавад ва хар чи чизе ки созгор хаст хам, оташ зада шавад баъдан суолаш кардан ки ё амиралмуъминин чаро китобхое ки бо фарханг ва дини исломи созгор аст бояд оташ занем дар чавоб гуфт ки мо Куръон дорем ба дигар китобхо ниёз нест дар асри 21 мо фахмидем ки ислом як оин аст мисли бакияи оинхо як рохи хидояти башар ба суи саодат аст аммо биёр намонядагони ин ин дини илохи аз он суиистифодахои зиёде кардаанд. Тафаккури мулочахои бесавод он аст ки фарханг ва ё дини як нафарро наомухта даррав ба нахй нафй кардан шуруъ мекунанд аввал э бесавод ту якбор Авасторо варак зан он чизе ки аз дасти Умархо солим монд ва ё китобхои Мониву дигар касое ки сухун аз паёмбари задаанд баъд харф зан мо ки кабул дорем ва эхтиром дорем ки дини ислом дини ростин аст аммо дар тули торих хурофтиёни ин дин мисли хамон хурофотиёни зартуштиву монави ва масехиву калими хеле фархангоро нобуд кардаанд ва хеле кушторхову катли оммхо карданд аммо барои пешрафти чяахон коре дидание накардаанд ва албатта наметавонанд хам бо ин икри баставу яхбастаашон аммо дахон хамеша калон кушодагиву иддаохо аз осмон. ин фактхои таърихист аз ману мо нест инхо хамин ки як хакикате ки ба худашон намефорад шунаванд даррав мулхиду кофар эълн мекунанд аз дасти Шумо Синову Берунихо Форобиву Фирдавсихо сарсону саргардон буданд ва имруз хам хамин тур 1400 сол боз бо мусикиву хунари як миллат хатто канор омада натавонистед ин мушкили Шумост на дини Аллох. Худо накунаду ин муллохои бесавод сари кудрат наоянд боз меравем аз колхоз ва ё совхоз як бригадирро раисчумхукр интихоб мекунему асло ин муллочахои бесаводро ба давлат наздик шудан намегузорем .

Ин суханхоро навистаги шеърро мояи парастиш карор додааст. Пас маълум мешавад ки китоб нахонда будааст. (маслихат: کیتآب خآزرن درکآر)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)