Бахшҳо

Эълони афви фирориён ва пешниҳоди сабукӣ ба аскарон (ВИДЕО)

Зариф Ализода, омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳанӯз ҳам масъулин зимни ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Ализода гуфт, ҳарчанд ҳолатҳои қонуншиканӣ кам шудаанд, аммо ҳанӯз комилан бартараф нагардидаанд: “Соли гузашта якчанд ҳолате буд, ки бо дахолати мо сарпрокуратураи ҳарбӣ корҳои ҷиноятӣ оғоз кард. Аз ҷумла ҳамон ҳодисае, ки дар Панҷакент шуд, бисёр ташвишовар аст.”

Омбудсмени тоҷик афзуд, барои ҳавасманд кардани наваскарон ба хидмат баъзе пешниҳодҳоро ироа кардаанд: “Пешниҳод кардем ба афроде, ки хизмат кардаанд, имтиёз дода шавад. Ин таҷриба дар дигар кишварҳо ҳам аст. Аз ҷумла зимни дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ, кор дар мақомоти қудратӣ ва дигар имтиёзҳо дода шаванд. Мо талош мекунем, ки ин пешниҳодҳо мавриди амал қарор гиранд.”

ВИДЕОИ суҳбати омбудсмен дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ

Инчунин Ализода эълон кард, ҷавононе, ки то ҳол ба далели фирор аз хидмати ҳарбӣ дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд, дар доираи татбиқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудаанд: “Бисёри онҳо дар Русия ҳастанд ва барои он, ки зимни бозгашт боздошт нашаванд метавонанд бо худ ариза барои афвро гиранд ва ба мақомот пешниҳод кунанд. Дар ин сурат боздошт нахоҳанд шуд.”

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар мавсими даъвати баҳору тирамоҳ Тоҷикистонро “облава” фаро мегирад. Аз ҷумла дар мавсими гузаштаи даъват волидони Саидалӣ Ҳақбердиеви бистучорсола аз деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакӣ изҳор доштанд, ки бар асари латукӯби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, фарзанди онҳо ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҳоли бехудӣ дар беморхона бистарӣ шуда буд. Чунин қазияҳо зимни даъват ба хидмати ҳарбӣ дар мавсимҳои гузашта низ зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)