Бахшҳо

Супоришҳои Убайдуллоев барои нигоҳубини роҳҳои мошингард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо баргузории як ҷаласаи кории васеъ масоили марбут ба нигоҳубини роҳҳои мошингарду пиёдагарди пойтахтро баррасӣ карда, барои ҳалли мушкил ба масъулин супоришҳо низ додааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори пойтахт дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи мазкур масоили нигаҳдошти хиёбон, кӯчаю роҳҳои нақлиётӣ, маҳаллагузар ва пиёдароҳҳо аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва дар ин ҷода ҷалби зарфиятҳои соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ матраҳ шуда, ба масъулини супоришҳо дода шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдории Душанбе, Убайдуллоев дар ин ҷаласа низ фаъолияти шабонарӯзии ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба зимистонгузарониро баррасӣ кардааст. “Сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, таълимию тандурустӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, вусъати ҷараёни ниҳолшинонию хуррамгардонии марзи маъмурии шаҳр ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ низ аз мавзуъҳои баррасӣшуда мебошанд”,- афзуд оқои Саидов.

Инчунин, бо иштироки тарроҳон ва роҳбарони субъектҳои саноати дӯзандагии пойтахт масъалаи таъмини рақобат ва бо роҳи пешниҳоди моли хушсифат ба даст овардани боварии истеъмолкунандагони шаҳр густариши истеҳсоли сару либоси мактабӣ барои эҳтиёҷоти мактабиён ва либосҳои шинами корӣ барои кормандони дигар соҳаҳои хоҷагидории шаҳр низ муҳокима шудаанд.
Мӯҳр
Ман рости аз ин Убайдуллоев ва ваъдахои У хаста шудам ва дигар умеде ба у надорам. Ман сокини кучаи Лучоби нохияи Сино худ шохиди ду бор рафтани Убайдуллоев тули се соли охир ба ин махалла будам ва хар сол хам ваъдаи пуч. Дар ин махаллаи мо ки ягон чои он ба шахр монанд нест мардумро ичборан гову бузу хатто мургхояшонро ичборан ё мусодира карданд ва ё мачбуран баъзеашлнрл хужашлн тибки баъзе миш мишхо клент ёфта фурушониданд. Вале дар иваз чи кор карданд бо мувофика бо раиси махаллаи пешини ин махалла Лакаев ва Бародари муллои чодугар Убайдулло нисфи кабристонро фурухтанд ва тавассути хамин раиси махалла дар ин чо ки аслан эхтиёч ба об надоштанд рохи мошини дурустро канда трубаи пусидаро чо кардда об мекашонем гуфта тамоми роххоро вайрон карданд ки албатта ин як лоихаи ба фикрам хоричи буд. сипас то хол мохи гузашта охирин бор муовини У Хайринисо Юсуфи омада бо ваъда кард ки як мох пас таъмирро сар мекунем. Бузак Бузак намир бахор мерасад. Ё роххои моро соз кунед ё гову бузу бузголахоямонро бар гардонед дигар аз дуруг хаста шудем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)