Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:46

«Роҳи нав»-и қочоқи маводи нашъадор ҷилавгирӣ шуд

16 май 2011, 11:15

Кормандони раёсати гумруки Оренбурги Русия аз бағочи  шаҳрванди Ӯзбакистан 1 кило ҳероинро бозёфт ва мусодира намудаанд. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки Русия хабар доданд.

Ин шаҳрванди Ӯзбакистон 1 кило ҳероинро дар дохили асбоби хамиртунуккунӣ бомаҳорат ҷой додааст. Аммо далели он ки чунин асбоб дар худи Русия нисбати Ӯзбакистон бениҳоят зиёд ва арзон мебошад, бо худ бурдани ин асбоби ошхона боиси шубҳаи кормандони гумрук шудааст. Дар натиҷаи тафтиш аз даруни ин асбобҳо хокаи сафеде дарёфт гардида, баъди таҳқиқ ҳероин будани он дайн гардидааст. Вазни маводи мухаддирро мақомот аз 1 кило бештар эълон доштаанд.

Акнун ин шаҳрванди Ӯзбакистонро дар мавриди дайн шудани ҷурмаш  мутобиқ ба қонунгузорӣ то 12 соли зиндон интизор аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!