Бахшҳо

Даъвати “шамшербардорӣ”-и адибони тоҷик алайҳи ДИИШ

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз адибони тоҷик даъват намудааст, алайҳи ҷангҷӯёни ифротии “Давлати исломӣ”, аз ҷумла тоҷикистониёни “фурӯхташуда”-е, ки тариқи наворҳо “бо чеҳраҳои чингизӣ”-яшон ба мардуми мо таҳдид мекунанд, даст ба шамшери буррои қалам зананд.

Ин иттиҳодия дар изҳороташ, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор гирифт, аз солҳои пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки “оҳи дил ва фарёди бефарёдраси суханваронро то ба фалак дакка занонда буд” ёдоварӣ намуда, зикр кардааст, ин фоҷеа дар осори онҳо бозтоби амиқ ёфт. Дар изҳороти Иттифоқи нависандагон омадааст, “адибон ба ҳама падидаҳои зараровари рӯзгор, ба вижа ба хасми Ватан ва бадхоҳонаш, ба хоинони кӯрдил оштинопазиранд”.

Иттифоқи нависандагон пайгирии хешро аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон баён дошта, дар айни замон аз ҳодисаҳои нангине, ки дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон имрӯзҳо пеш меоянд, изҳори нигаронию нафрат намудааст. “Бӯи баду саргиҷкунандаи ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм, ки аз мамолики минтақа меояд, машомҳоро пурдуд ва мағзҳоро хароб месозад. Ҳамарӯза хабари қатлу куштори садҳо одамони бегуноҳ дар Афғонистону Сурия ва Ироқу Мисрро мешунавем ва ё тасвири ваҳшатбори инфиҷори бомбҳо, сар буридану зинда ба зинда дар оташ сузондани фарзандони бегуноҳро аз телевизион ё интернет мебинему ашк мерезем. Оташи ғазаби ҳар қаламкаши огоҳи тоҷик ва оҳи синаи пурдарди ӯ чаро наафзояд, модоме ки дар сафи ҳамон гурӯҳҳои ифротгаро ва одамкушони террористи бадном, зодагони кишвари оромтар чун биҳиштии мо – чанд нохалафи фурӯхташудаи "бозор"-и аҷнабӣ қарор доранд. Ва ҳатто аз тариқи оинаи тасвир бо ҳамон чеҳраҳои чингизӣ ва хунбор ба мо, ҳамватанонашон ангушти таҳдид нишон медиҳанду мегӯянд: "Мебинед, ҳоло мо бар сари шумо чӣ рӯзгоре хоҳем овард!"-изҳор намудаанд адибони тоҷик.

Иттифоқи нависандагон аз ширкати беш аз дусад ҷавони гумроҳи тоҷик, ки дар ҷабҳаҳои доғи ҷанги Сурия даст ба қатлу куштори бародарони мусулмонашон мезананд, таассуфи хешро изҳор дошта, афзудааст: "Бо камоли таассуф мешунавем ва аз расонаҳои тасвиргароии воситаҳои ахбор мебинем, ки аз тариқи Русия, Туркия ва марзҳои дигар кишварҳо сафҳои тозаи ҷавонони тоҷик, ҳатто баъзе бонувони тирадил ва гумроҳ вориди ҷабҳаи ҷанг мешаванд; хуни ҳамҷинсони бегуноҳашонро мерезанд ва табиист, ки онҳо ҳам дер ё зуд дар ҳамон сангарҳо ғарқ дар хун мегарданд. Суоли дардноке моро ба забон меояд: оё модари тоҷик хобу хур барои худ ҳаром карда, ба ҳамин умед фарзанд ба дунё оварду ба камол расонд?! Онҳо то чанд моҳу соли дигар аъмоли аҳримании худро давом хоҳанд дод?”- омадааст дар изҳорот.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамаи аҳли эҷодро даъват намудааст, ки барои посух гуфтан ба пурсиши дар боло зикршуда ва равшан сохтани роҳи тираву печони як идда ҷавонони гумроҳ ва хиёнатпеша даст ба шамшери буррои қалам зананд ва аз сухан сипар бисозанду онҳоро ба растагорӣ ва ҷабҳаи ақли солим баргардонанд.
Мӯҳр
Барои бар зидди ДИИШ ҷанги «забонӣ» оғоз карданашон аввалаң бояд намозхониро биёмўзанд! Ин тавсияи ман аст, пушаймон намешавед, нависандаҳо‼

Vakti on ast ey kalam...Duchtari otash,tori ankabut,vafo,dashti dilvarzin,Asadu Samad...

аз дур воҳима мекунед вақти даромаданд баъд ққаламора ҷогаҳ мекуненду шеротон аз ёдатон мебарояд

мухочир
Шоирони азиз! Чи мекунед ба корхои бекора машгул шуда, Шумо факат ситоишнома нависед.

Яксан
Шумо адибон як асари хуб нависед тон то ин ки онро хонда шавад не шумоям адиб ми

"Чехрахои Чингизиена" мегуед, чехрахои худатон чигуна ва тинататон чигуна? Хамин чехрахо дар Китай, ЧОпон, Курие давлатхои тавоноянд, шумоен бошед холо хам ба чашму абруву ришу сатру либос бахо медихед халос, ба дигар проблемхои зиндагиро хал кардан чашматон танги мекунад е майнаатон?.

Довуд
Устод Мехмон Бахти хохишмандам агар аз дастатон биёяд Иттифоки нависандагон ё ахли эчодро аз кафои худ ба суи рушной баред. Бубинед чи кадар масъалахои халношудаи ичтимои мавчуд аст. Агар Шумоён худро зиёи хисобед пас чуръати ба Рохбари давлат ва умуман рохбарон гуфтани онхо вазифаи чонии Шумост. Устод Сотим Улугзода харчанд аз пушти писари худ аз КПСС ронда шуд, вале номи ин рушанфикр зинда монд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)