Бахшҳо

АКС: Хайри “экстрасенси маъруф” дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Турсуной Зокирова, соҳибкорзан ва экстрасенси маъруф дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 23-юми март дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум 10 хонаро ройгон ба ниёзмандону ятимон тақдим намуд.

Ӯ зимни ифтитоҳи бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохтааст, худро пайрави Эмомалӣ Раҳмон гуфта, дар хитоб ба раисиҷумҳур афзуд, “шумо ятимпарвареду мо пайрави шумо...”.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои бунёдкардаи Турсуной Зокирова дорои 35 хонаи зебою барҳаво буда, 10 хонаи он ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим гардид: “Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд. Тавре аён гардид, бинои истиқоматӣ ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва бо шароити мусоиди замонавӣ бунёд ёфтаанд”.

Инчунин Турсуной барои ҷарроҳии дили 14 кӯдаку навраси ниёзманд кӯмак карда, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ятимхона, бемористони касалиҳои дил ва чанд бинои дигар изҳори омодагӣ кардааст.

Турсуной Зокирова дар баробари корҳои хайраш бо қобилияти фавқулодаи экстрасенсорияш дар қаламрави ИДМ маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури “Битва экстрасенсов-4” мебошад.

Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова дар шабакаи интернет гуфта шудааст, ки ӯ қобилияти фавқулодаи худро баъди фавти модараш кашф кардааст. Турсуной Зокирова соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи серфарзанд чашм ба дунё кушода, соҳиби 3 фарзанд мебошад: “Баъди таваллуди фарзанди сеюм табибон мегӯянд, ӯ мубталои саратони сина шудааст, вале Зокирова пешниҳоди ҷарроҳиро рад карда, баъди 14 соли мубориза бар ин беморӣ ғолиб шудааст. Пойҳои Зокирова низ баъди марги модараш дар соли 1993 аз кор мондаанд ва бо мушкилӣ роҳ мегаштааст. Гарчанде тамоми бадани Зокирова дард мекардааст, табибон даъвое наёфтаанд ва ниҳоят ӯ мустақилона ба табобати худу дигарон оғоз кардаааст”.

Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова гуфта шудааст, ки ӯ иттилоъро ба воситаи тасбеҳу корд мегирад. Ӯ тасбеҳи махсусаш бо 121 гандумро дар вақти намоз дида, баъдан фармоиш медиҳад, ки барояш чунин тасбеҳро омода кунанд.

Ӯ, ки дар “Битва экстрасенсов-4” дар шабакаи ТНТ ғолиб шудааст, изҳор медорад, ки тоҷик аст, вале аз ғайб ба ӯ иттилоъ бо забони узбакӣ мебиёяд. Ӯ ба суол дар ин бора посух додааст, ки “ман узбак нестам ва ҳатто бо ин забон сухан гуфтан наметавонам. Аммо гуфтугӯҳои узбакиро мефаҳмам. Намедонам, барои чӣ, аммо фариштаҳоям бо ман бо забони узбакӣ сухан мегӯянд ва ман онро тарҷума карда, мерасонам”.


АКС: Хайри “экстрасенси маъруф” дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

АКС: Хайри “экстрасенси маъруф” дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

АКС: Хайри “экстрасенси маъруф” дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

АКС: Хайри “экстрасенси маъруф” дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
Мӯҳр
adl
Wohima... in honaro az tarafi hukumat sohtanu bad yak zanakro yoftanu guyo hudash sohta boshadu hair kard. Reklama dawom dorad.

ориф
ана гап дар кучо ояндаи точиконро ки маслихатгор аст ХУДОЕ миллати азизро дар панохи худат нигахдор омин

турсуной ном доштай афташ афти узбаки бо у ба узбаки гап мезадаанд вале у точик ))))))

дардошно
Вохимахои хамешаги ва рекламави ва бепоя. Хамин дуруг ба ки даркор? Аз ин дуругхо даст кашеду вазьи пули сомониро фикр кунеду паст кардани нархи махсулотро ки бухрон хамаро фаро гирифт.

sss
Kori Hair,hair ast va in isboti buzurgii inson ast....Ammo namefahmam, charo u zan honahoro sohtu taksimkuniro prezident kard????? Ajib...

Ассалому алейкум Озодагон, ман барои хайри инсоният коре надорам чун онҳо барои чунин кирдорашон назди холиқи якто аҷрашонро мегиранд, аммо то ҳол нафаҳмидам чаро Президент қонуни имзокардаи худро иҷро намекунад ё саҳлангорӣ менамояд, чунки дар моддаи 482 кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ҷодугарон ва фолбинон ҷазо дар ҳаҷми 1600-2000 сомони барои маротибаи аввал ва дар давоми сол дуюм маротиба ҷарима 2400-4000 ҷарима муақаррар гаштааст, ҳол он ки дар ҶТ чунин афрод хеле зиёданд,

Холо аз ин пас бав забони узбаки статуси куддусият дода, минбаъд амр содик карда мешавад, ки дуоро ба забони узбаки хонед, зеро "Фариштахо" забони точикиро намефахманд, гупта реклама мекунанд.

1616
Вой бар холи сохибкорон. Сохибкор андоз месупорад. Гамхориро бояд давлат нисбати халкаш кунад на ин ки сохибкор. Мансабдорони азиз тамоми сохибкорон ва сармоягузорон фирор карда истодаанд. Омилхои фирор муайян аст. Окибат чи мешуда бошад Худо медонад.

Як зани фолбин бо кадом рох ин кадар пул чамъ кардааст? Албатта бо рохи чодугари ва сехр. Назди фолбинон рафтану аз онхо кумак талаб намудан аз кабили ( кушоиши кор, тумор, бахткушои, гарми , хунуки, сехру чоду намудани шахсе ва гайрахо) ШИРК аст! Дар Куръони Карим омадааст, ки Худованд ба гайри ширк дигар гуноххои бандахояшро мебахшад. Мувофики аходиси набави хар касе ба назди фолбин меравад ва сухани фолбинро тасдик мекунад он шахс ба Куръон имон надорад. Ин зан фаришта не чин дорад. Бояд Фариштаро аз Чин фарк кард. Фолбинон бо чинхо хамкори мекунанд.
Хар ки созад кавли фолбинро кабул,
Дар хакикат кофир асту ло кабул.
Ё куни тасдик кавли фолбин,
Ё куни дашноми Рабул оламин.

Пайгамбари Худо Мухаммад (с) мефармояд: Касам ба он Куръоне ки ба ман нозил шудааст шахсе, ки гапи фолбин (бинукро) тасдик кунад ва гуяд, ки у рост мегуяд аз имон хорич мешавад яъне КОФИР аст.

Ин зан гарчанде фолбин бошад хам, аз баъзе рухониёни беномусу фитнаангез кори хайру савобаш зиёд аст.

baxa
ин амаш воима Фанди замона

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)