Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

Корхонаи «Криолит» аз супурдани андоз ба буҷа коҳилӣ мекунад

30 сентябр 2011, 05:41

Зимни амалиёти санҷиши  кормандони  мақомоти андоз  дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон муайян карда шуд, ки  бемасъулиятӣ ва хунукназарии бархе аз роҳбарон бақияи қарзҳои корхонаҳояшон рӯ ба афзоиш аст.


Тибқи маълумоти раёсати андоз,  бақияи қарзи андози заводи сохташавандаи “Криолит”,  воқеъ дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон, роҳбараш -Абдуманнон Ҳафизов, ки тибқи маълумотҳо баъди ба истифода супоридан корхона ба истеҳсоли маводи хоми арзиз машғул ҳоҳад шуд, айни ҳол бо ҷалби беш аз 160 нафар шаҳрвандони чинӣ  тӯли 6 моҳ аст сохтмонаш идома ёфта истодааст. Ба гуфти манбаъ, мутаасифона  то имрӯз  ягон маблағи муайян аз ҳисоби андози даромад ва андози иҷтимоии музди меҳнати коргарон ба буҷет ворид нагардидааст. Ҳатто пас аз огоҳии чандинкаратаи нозироти андоз низ роҳбарияти корхона чораҳои зарурӣ  наандешидаанд. Айни  ҳол аз нозироти андози ноҳияи Ёвон нисбати корхона ба маблағи 463 ҳазор сомонӣ санади камералӣ тартиб дода шудааст,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!