Бахшҳо

Оғози аввалин мурофиаи додгоҳии Бурҳон Абдуллоев дар Додгоҳи Хатлон

Нахустин мурофиаи додгоҳии Бурҳон Абдуллоев, яке аз моликони бозори “Ином” фардо, 8 апрел дар Додгоҳи вилояти Хатлон оғоз мегардад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои хонаводаи Абдуллоевҳо дар ин бора ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи шикояти Раҳматулло Саъдуллоев, яке аз додарарӯсони раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Қаблан, Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус парвандаи Бурҳон Абдуллоев, аз моликони бозори “Ином”-ро аз рӯи шикояти Раҳматулло Саъдуллоев ба Додгоҳи вилояти Хатлон ирсол намуд. Бузургмеҳр Ёров он замон ба “Озодагон” гуфт, зерҳимояаш аз додгоҳи Шаҳритус дархост кард, мурофиаҳои ӯ дар додгоҳи вилоятӣ гузаронида шавад, зеро ба додгоҳи Шаҳритус боварӣ надорад: “Зерҳимояам гуфт, ба суди Шаҳритус фишор меоранд, ба адолати судии ин ноҳия боварӣ надорад”.

Манбаъ мегӯяд, Додгоҳи Шаҳритус дархости зерҳимояашро қабул намуда, парвандаи ӯро ба додгоҳи Хатлон фиристодааст. Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон алайҳи нашрияи "Самак" ва Бурҳон Абдуллоев, яке аз моликони бозори “Ином” ба додгоҳи ноҳияи Шаҳритус аризаи даъвогӣ бурда буд. Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои хонаводаи Абдуллоевҳо қаблан гуфта буд, Раҳматулло Саъдуллоев, ки раҳбарии ширкати Исмоили Сомонии шаҳри Сарбандро ба уҳда дорад, зерҳимояаш - Бурҳон Абдуллоев ва нашрияи “Самак”-ро дар паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ муттаҳам карда, ҷуброни зарари маънавиро талаб дорад: “Саъдуллоев аз додгоҳ талаб кардааст, ки аз Абдуллоевҳо 100 ҳазор сомонӣ ва аз рӯзномаи “Самак” 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шавад”.

Ба иттилои манбаъ, нашрияи "Самак" аз қавли Абдуллоев навиштааст, ки Раҳматулло Саъдуллоев худро президенти Хатлон гуфтааст ва ин боиси норозигии Саъдуллоев гардидааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Муҳибулло Саъдуллоев, яке аз бародарон Саъдуллоевҳо бо Бурҳон Абдуллоев барои бозори “Ином”-и Шаҳритус кашмакаши додгоҳӣ доштанд, ки бо боздошти Бурҳон Абдуллоев анҷом ёфт. Ба иттилои мақомот, феълан алайҳи Ҳошимҷон Ризвонов ва Бурҳон Абдуллоев бо моддаи 32 қисми 3 - тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Абдуллоев бо Муҳибулло Саъдуллоев яке аз дигар додарарӯсони президент ҳам сари тақсимоти бозори "Ином" баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и Шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)