Бахшҳо

Бобоназарова: Шахси ба 18 расида соҳибҳуқуқ аст, аз ҷумла барои рафтан ба ҳаҷ

Ахиран, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандони то 35-солаи кишвар аз иштирок дар маросими “Ҳаҷ-2015” маҳрум хоҳанд буд. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, иқдоми мазкур ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли Тоҷикистон барои адои ҳаҷ гирифта шудааст. Дар иттилоияи кумита омадааст, “Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иқдом кардааст, то ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ авлавият ба нафароне дода шавад, ки аллакай синнашон аз 35 гузаштааст”. Ин иқдом ба вокунишҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд ва тарафдорону мухолифонашро дошт. Зимнан, “Озодагон” аз чанд соҳибназар пурсид, ки “Қарори Кумитаи дин дар мавриди манъи рафтани то 35 солаҳо ба Ҳаҷ эҳтиром ба калонсолон аст ё маҳдудияти навбатӣ?”


Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқшинос

Албата ин махдудияти навбатист, чунки қонунҳои Тоҷикистон синни ба балоғат расиданро 18 солагӣ муайян намудааст. Яъне, шахси ба 18 расида дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳо мебошад. Яъне, ӯ соҳибҳуқуқ аст, аз ҷумла барои рафтан ба ҳаҷ.

Афшини МУҚИМ, сухангӯи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом кардааст, то ба хотири додани имконият ва имтиёз барои қишри куҳансоли мамлакат ҷиҳати адои маросими ҳаҷ авлавият ба нафароне дода шавад, ки аллакай синнашон аз 35 гузаштааст. Азбаски тайи чанд сол аст, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмониро ихтисор намудааст, ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидаасту тавон ва орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд.

Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, коршинос

Фикр мекунам, аз нигоҳи имонӣ ҳеч ниҳод, ҳатто низоми давлатдорӣ дар кишварҳои мусалмонӣ чунин хақро надорад. Вақте Офаридгор Ҳаҷро дар баробари барпо доштани намоз аз панҷгонаи Ислом медонад, банда фарзи Худовандии хешро тағйир дода наметавонад. Албатта дар ин маврид Худованд худаш истисноеро низ муайян кардааст, яъне пайдо шудани имконоти сафари Хонаи Худо. Пас вақте чунин як фармуда ё фарзи Худовандро ҳар касе бо дидгоҳи худ тағйир медиҳад, дастдарозӣ кардан ба хаққи Худованд аст. Давлат ва ниҳодҳои марбутаи он бояд васила ва шароити сафарро омода созанду бас.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раиси созмони вилоятии ҲСДТ

Аз нигоҳи банда дар масъалаи дин ва имон бояд ҳамаи мо даҳчанд эҳтиёткор бошем. Албатта ин ташаббусро метавон ҳамчун як нишони эҳтиром нисбати калонсолон қаламдод кард, агар барои онҳо воқеан ягон имтиёзи молӣ ё ташкилӣ пешниҳод мекарданд, вале на ба қимати манъ кардани ин фаризаи динӣ барои дигар мусалмонон. Бо чунин шева ин албатта боз як маҳдудияти навбатие барои шаҳрвандон мешаваду халос. Илова бар ин ҳар як маҳдудкунии қонунӣ боиси ривоҷи фасод дар дигар бахшҳо шуда метавонад. Агар то ин дам дар Тоҷикистон одатан варзишгарон бар ивази ришва сину солашонро паст мекарданд, бо чунин маҳдудият зиёд нафароне пайдо хоҳанд шуд, ки синну солашонро калон кардани мешаванд.

Саъдӣ МАҲДӢ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳачравии зуд-зуд ва бемаҳдудияти ҳоҷиҳоро дар муддати 20 соли ахир, яъне бо шарофати Истиқлолият дида, воқеан шахс хурсанд мешавад ва шавқи шукрона дар дилҳо талотум мезанад. Аммо кирдори баъзе шахсонро баъди аз Хонаи Худо баргаштан дида, ояти лисмал-уфусуқи баъдал имони (сураи Хуҷурот) ба ёд мерасад. Яъне, фосиқӣ баъди имон овардан бисёр бадномист. Ин оят як навъ огоҳӣ низ ҳаст ва қарори Кумитаи дин натиҷаи ҳамин оят аст. Бо назардошти ин воқеиятҳо ман қарори мазкурро дастгирӣ мекунам. Шахс бояд омодаи хаҷ шавад, баъди омодагӣ бояд аз корҳои бад даст шӯяд. Баъди аз хаҷ омадан ба унвони неки ҳоҷӣ сазовор бошад ва гуноҳҳои даврони ҷавониро дигар содир накунад. Ҳамчунин ин маҳдудият ба хотири имконияти бештар додан ба калонсолон низ ҳаст. Албатта, маҳдудияти мусбат аст ва шоистаи дастгирист.

Султон ҲАМАД, журналист

Манъи рафтани шаҳрвандони то 35-сола ба ҳаҷи фарзӣ аз сӯи Кумитаи дин бо дарназардошти он ки сафи хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо дар айёми ҳаҷи фарзӣ хеле зиёд шудаасту дар ин иртибот ба хотири бенавбат ба даст овардани иҷозати сафар порахӯриву фасод низ миёни довталабони унвони ҳоҷигӣ торафт зиёд шудааст, корест дурусту мантиқӣ. Аз сӯи дигар ин амал имтиёзеро барои насли калонсол, ки хоҳиши ҳаҷи фарзӣ кардан доранд, муҳайё месозад. Навбатпоии калонсолон вақтхои охир хеле тулониву вазнин ба назар мерасад. Аз ин рӯ ин кори Кумитаи дин қобили дарк кардан аст.

Иззат АМОН, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

Гумон мекунам ин фишор ва маҳддудияти навбатӣ аст. Чун маҳдудиятҳо зина ба зина меоянд. Ин ҳам яке аз зинаҳост. Бубинед, ҳукумат гумон мекунад бо фишор овардан ба дин метавонад сатҳи ифротигариро поин биёрад, вале ин хатои маҳз аст. Манъи ҳиҷобу ришу сатру масҷидравии ҷавонони то 18-сола ҳамин ҳадафро доштанд, вале ҳеч яке аз онҳо ба кор наёмад ва сатҳи ифротгароӣ дар миёни ҷавонон ҳамоно болост.
Мӯҳр
Саъдӣ МАҲДӢ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз гуфтахои Шумо бармеояд, ки шумо чонибдори фиску фасоди дар байни чомеа мебошед.

Шохид
Як чизи дигарро зоирони арчманд бояд ба назар гиранд. Манзур хамон ходисаи бо чавонони эрони руйдода дар аэропорти Чидда мебошад. Шояд ин икдомхо пешгири аз чунин хаводиси нолоик мебошад. Банда хам тарафдори ин тартиб мебошад, албатта ба хотири пок мондани афроди чавони миллат...

Шохид, Ба гуфти Шумо касе хач равад, нопок мешавад!, вой бар холатон!

Шохид
Ба Хушебахт: На онхое ки бо нияти хакикии хач мераванд. Ва бародар Хушбахт аз ман не аз он аъороби аэропорти Чидда хафа шавед ва хатман аз ташхис гузаред, ногуфта намонад Вазорати тандурусти дастгоххои хуб овардааст.

Бобоназарова Ойниол. Суханхои ачойиб мегуянд. Ба афтаномахо обуна шудан мачбур насозед, ин касали будааст. Аз Иттиходи Шурави ба мо мерос мондааст. Акнун, гуфтаанд, ки синнаш ба 18 расида бошад хукук доштааст, ба хач равад. Дасту поямон баста буд, чунон озод шудаем, ки маблагамонро бурда ба давлати бегона сарф кардан ин дуруст будааст.
Агар он кас чудо хам дилсузи хач бошанд. Хамин шахси хачрав то 35 солагиаш базур маблаг чам мекунад.

хач фарз аст аммо шарт дорад дар хамсоягиат бояд ягон бечора ва нодор набошад чавонони ба хач мерафта хамон маблагро ба ягон ятими кул хайр кунанд ё хона созанд бехтарин мешавад баъди 35 солаги баъд мерави хайраон двайнои кабул мешавад.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)