Бахшҳо
22 апр 2015 10:41Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

2,5 соли зиндон ба ронандае, ки нозири роҳро болои капот бардошт (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ронанда Салимов 3.М-ро барои он, ки ба фармони Аъзам Раҷабов, нозири Воҳиди махсус итоат накарда, ӯро болои капот бардошта, маҷруҳ намудааст, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тавре аз Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Салимов З.М тибқи моддаи 328 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, 2 солу 6 моҳро дар калонияи ислоҳии низомаш умумӣ пасисар хоҳад кард.

Манбаъ мегӯяд, маҳкумшуда тақрибан соати 8:35 дақиаи рӯзи 2-юми декабри солии 2014, бо автомашинаи шахсиаш «Опел-астра» рақами қайди давлатиаш ВВ 03-36 01 РТ, дар кўчаи Карамоваи Душанбе ба ишора ва ҳуштаки нозири роҳ Аъзам Раҷабов, ки барои санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ишораи қарор додани мошинро кардааст, итоат накарда, ҳарракатро бо суръати баланд давом додааст.

Ба иттилои манбаъ, нозири роҳ Аъзам Раҷабов муайян намудааст, ки дар қисми қафои автомашинаи Салимов 3.М. рақами қайди давлатӣ вуҷуд надорад, вале зимни таҳқиб натавонистааст ӯро пайдо кунад: “Ҳангоми бозгашт ба нуқтаи хизматиаш Раҷабов дар назди чорроҳаи хиёбони Рўдакӣ-кӯчаи Карамов мошини Салимовро мебинад ва назди ронанда ҳозир шуда, худро муаррифӣ кардааст: “Аммо ронанда қасдан дарҳои автомашинаро аз дохили маҳкам карда, ба нозири роҳ итоат накардааст. Корманди воҳиди махсус ба қисмати пеши автомашина гузашта кӯшиш кардааст, ки рақами бақайдгирии давлатии автомашинаи Салимовро гирад. Аммо ронанда зўроварӣ намуда, автомашинаашро ба суи нозири роҳ ба ҳаракат даровардааст, ки дар натиҷа нозири роҳ ба болои капоти қисми пеши автомашина афтидааст. Ронанда дидаю дониста, ки Раҷабов метавонад аз болои капоти автомашинаи ў афтида, зери чархҳои он монад, ҳаракати автомашинаашро бо зиёд кардани суръат давом додааст. Баъди 700-800 метри ҳаракат корманди дигари Воҳиди махсуси ВКД-и ҶТ Файзов А.М. бо автомашинаи шахсиаш т садди роҳи автомашинаи Салимов гашта, ўро боздошт намудааст”.

Маҳкумияти Раҳимов дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе аз аввали соли равон ду ҳолати дигари болои капот бардоштани нозирони роҳ аз ҷониби ронандаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки навори яке аз онҳо ба интернет низ роҳ ёфтааст.


Мӯҳр
Доктор
Бояд хаму гайира трма мекардан чида сари рохи ронанда меброян наистод наистода камераи бехатар доранд ку гайи дигар чи лозим

сино
Додгоҳ ҳам дӯруғ мегуфтааст.Дар навори видеои ин айбҳои эълоншуда дида намешавад.

Софдил
Агар аз тарафи дигар гирем хамин кормандони БДА худашон гунахкоранд. О дар болои капоти мошин г... мехри. дигар роххора истифода бар. Аз руи конун. Оли ки наметонен холтон ай ида бад шармандахо. Ин гуна кормандони БДА-ро низ бе чазо намонен. Садкаи одамгариткуна.

Саид
Окибати зул хаминаст!"!!! Охир нозири рох чи мекобад дар назди мошини он худашро мепартояд ё раками давлатиашро мегирад намешуд, ки ракамашро гирифта ба хамон минтакае, ки ронанда зиндаги мекунад даъватнома фиристода вайро мефахмондан ё чарима мекарданд?! Сад дар сад бовари дорам хамин ГАИ барои пул гирифтан хаминро манъ кардааст дигар ин ки охир дар хамин тамоми нуктахои шахр кариб камераи назорати насб кардаан пас хамин нозирон чи мекаобан дар чони хама заданд??!!! Фарзандони ин ронанда дар ин ду сол аз кучо нон мехуранд аз пули коркардагии хамин ГАИ?! Додситон бояд ин пухлухоро хам бояд ба назар мегирифт ва мегуфт чаро имруз ба ягон ронанда даъватнома намедихеду говзуркарда гирифта мебаред ба чои дар кори!!!!

иззатбек
Шумо хам айбчуи мекунед-да .О мумкин сари нозири рох фур гаштаву ба болои капот афтида боша.

Ин корманди ГАИ бошад ё человеп Паук???? Сад дар сад корманди гаи гунахгор аст. Да чони хамин ронандахо заден охи !!!!

Чанде пеш дар интерет навореро дидам ки корманди милиса нафареро барои ришаш аз гарданиш гирифт кашла мекард. Ба фикрам ин наворо шумохам дидааед. Чарои нисбати ин корманд парванда намекушоянд магар ин чиноят нест!? одамро мачбуран ришашро метарошанд сатри занонро аз сарашон мегиранд! оё ин амал зидди хукуку озодии инсон нест!? боз шарм надошта адолати суди мегуйд, хаминаст адолат.

Истиклол
Хой мардум вакте, ки ягон вокеа рух дод хамаатон БДА кани гуфта мекобед. О агар хамин корманди БДА инхел ронандахои аз худ рафтагиро байни рохашонро хамин тавр нагиранд, медонед окибаташ чи мешавад, ба умеди камерахо шудан лозим нест. Кандаша занад корманди БДА йгитай, мардай харкас худашро ба капоти автомобиле, ки бо сурати тез харакат мекардаги напепартояд.Гайрату часорат даркорай, ки ин корро кунед.

шохид
Мухтарам Вазири корхои дохили!
Аз Шумо хохиш карда мешавад, ки хамин маоши кормандони БДА-ро балан бардоред, ки агар хаминхел давом кунад кадомрузе ба хотири пул худашонро дар зри мошинхо партофта намиранд...охир фикри зану фарзандошона кардан даркор беваву сагира мемонанд.
Илтимоси дигар аз раиси суди н.И.Сомони агар хамин корманди БДА-ро хам ба муддати то 1 сол аз вазифа озод мекардед аз руи инсофу адолат мешуд.....

одил
Салом ба хама. Эй мардум, шояд хамин нозири рох набошаду ягон каскадёр бошад. Лекин хар кас дар вазъияти хамин нозир бияфтад аз тарс каскадёр мешавад.

ин гаишник бисер жадный будааст ки барои пул шуда худро зери хатар мондааст. ин рафтораш аз руи конун гайриконунист. гаишники чашмгуруснахо? агар ахамият дихед хамаи нозирони рох гардангафсу ишкамба доранд.ин гаишникро бояд аз кор озод кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)