Бахшҳо

Ансорӣ аз Абдулқодирзода ва Давлатов хост, дар барномааш иштирок кунанд

Муҳаммад Ансорӣ, барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Сулаймон Давлатов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон даъват кардааст, дар барномаи навбатии ӯ иштирок кунанд.

Ин даъвати Муҳаммад Ансорӣ аз раҳбарони ду ниҳоди марбут ба дини Тоҷикистон тавассути саҳифаи ин шабакаи телевизионӣ дар Фейсбук сурат гирифтааст. Барандаи Висоли ҳақ навиштааст, барномаи навбатии ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрели соли равон, соати 22:00 ба вақти Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.

Даъвати Ансорӣ аз Абдулқодирзода ва Давлатов дар ҳолест, ки ниҳодҳои таҳти раҳбарии онҳо дар пайи пахши нахустин барномаи “Висоли ҳақ” дар бораи маҳдудиятҳои динии Тоҷикистон, бо пахши изҳоротҳо ҳарфҳои барандаро туҳмат ва шаттоҳӣ хонданд. Дар изҳоротҳои ин ду ниҳоди марбут ба дини Тоҷикистон таъкид шуд, ки қонуну санадҳои қабулнамудаи ҳукумати кишвар дар робита ба дин ва расму ойин “ҳаётан муҳим” буда, нишондиҳандаи ҷомеаи озод аст.

Аз сӯи дигар, Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле дар бораи маҳдудияти динӣ ва фишору таъқиби диндорон суҳбат мекунад, ки “шояд ба монанди Тоҷикистон миёни кишварҳои мусулмоннишин давлате пайдо нашавад, ки дар он Ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумӯъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд”. Ӯ ҳамчунин аз масъулини ин шабака даъват кард, то ба Тоҷикистон биёянд ва вазъро бо чашми худ бубинанд.

Шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”, ки дар Тоҷикистон низ бинанда дораду ҳоло бо хатти кирилӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро боз кардааст, ахиран аз тасмими худ дар мавриди таҳияи барномаҳо дар бораи фазои динӣ ва мазҳабии Тоҷикистон хабар дод. Дар барномаи аввали он, ки Муҳаммад Ансорӣ сухан мегуфт, ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба шиддат зери тозиёнаи танқид қарор дода, ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳову фоҳишахонаҳо муттаҳам кард.
Мӯҳр
усмон
балее огои сайдмукаррам биравед ба висоли хак исбот кунед ки замай инхо дуруг аст агар бираведхам шарманда хохед шуд агар нараведхам шарманда хохед шуд чунки равед хамачи аён аст видеохо наравед агар шшармандаги дар ин астки хакикат доранд сузанони М Ансори

Алимад
"Забони кирилӣ" - забони нав мӣ?

Кани рафта дар барнома иштирок карда часорати худро ба мардум нишон диҳед!!!

тохир
Мукаррам бо ин эътирозаш худро бори дигар шарманда кард. Ана зури рав ончо ба саволхои мардум посух дех

муҳоҷир
ана ба ин меган ақлу мантиқ !!!
агар шурои уламо ва кумитаи дини мо савод медоштанд мефаҳмиданд ки вокуниши баъдии Ансорӣ бо он баёнияҳамин хоҳад буд
ин органои мо одат доран ба ҳама танқидгарон(албатта ба ҷуз русҳо чун аз русҳо сахт метарсан ) бояд бо забони қабеҳ посух диҳанд
агар даъвати Ансориро напазиранду дар барнома ширкат накунанд ин яъне шикаст ва пирузии Ансори ва ҳақ будани гапои Ансорӣ ва агра ширкат кунанд дар баробари ҳақиқатҳо чи мегуфта бошанд акалан сиёсатмадор ва донишманд ҳам нестанд ки бо найранг худро халос кунанд дар ин ҳолат ҳам боз шарманда мешаванд ва Ансорӣ пируз хоҳад буд

Salom
khusho ba holat barodari joni Tojikiston More. Ansori

Мегум муфти акнун да бало Монд охи мисли харвакта хап шини чко мена дахани пушида хазор тилло

ГОБ
Ба фикрум сулаймон ва саид мукарама аз гапи гуфтагишон пшаймон шидагиян агар дар барномаи АНСОРИ иштирок накнан шикаст хурдагиян агар иштирокам кнан ишшаАллох шикаст мехуран МАРД БЕШЕН ДАР БАРНОМА ИШТИРОК МЕКНЕН

ААААААА
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ АГАР МАРДИ АГАР МУСАЛМОНИ АГАР СУХАНОИ ХУТА ХАК МЕГУИ АГАР НОМУСИ ИСЛОМИ ДОШТА БОШИ АГАР ИМОН ДОШТА БОШИ АГАРУ АГАРХОИ ЗИД РАВ ИСБОТ КУН ОН СУХАНХОЕКИ НИСБАТУТ МЕГАН
РАФТИ ХУБ НАРАФТИ АНИК ШАРМАНДА ВА ШИКСТ ХУРДА ХАСТИ.

Яъкуб. Душанбешахр.
Кани як чуръат кунед рафта иштирок кунед. Ё он" мавлавии "худхонда Абдурахим ро равон кунед. Ман бовари дорам шумо намеравед зеро медонед М.Ансори сад дар сад хак хаст!

Албатта хак чояшро мегирад, Ансори аз худ сухан накардааст, аз номи халк баромада, зери танкид чилавгири кардааст. Агар нараванд тарики "Скайп" ба алока бо Ансори бароянд "пешвохои" мо ин фикри ман аст.

Yuli
Ман ана хаминро интизор будам. Кани акнун бинем чи. Ба гуфти худи Саидмукаррам Абдулкодирзода, агар чавонмард бошанд кани раванд. Ансори мард буданашро исбот кард. Навбат ба муфти.

Абдурахимро равон кунел у зурай бина ки намешава я гиряи бе оби чашм дора амура истифода мекна тамом шумо голиб мешен

Анти-Висол
Мурданамон бех моро точикон. як ачнаби моро тахкир мекунаду мо бо пуштии онро мегирем. То кай ин хушомадгуи ба дигарон!

азиз
ман хайрони хамин одамо мешам барои чи як одами фит нагара бовар мекунанд як одаме ки дилаш ба ватан месузад ба милат инкадар захмат мекашад ин одама бовар надоран эй мардум и ватани мора на ансори обод мекунад на дигар хочагон камтар аз худо шарм кунед о ин муфтии бечора чи гунох дорад хар кореки шавад дар гардани муфти мезанед шумо хамаатон лаган бардоре

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)