Бахшҳо
12 май 2015 14:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Афви Хушдил - писари тақаллубии Президент ва ҷияни аслии раиси “Текстил”

Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии Душанбе, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба масъулин дастурҳои ғайриқонунӣ медодааст, аз оилаи маъруфи Қурбоновҳо буда, воқеан ҳам шарикдарси Сомони Эмомалӣ будааст.

Ба иттилои манобеи “Озодагон” Хушдил Қурбонов, ҷияни Анвар Қурбонов, раиси Корхонаи нассоҷии тоҷик ё “Текстил” мебошад, ки яке аз соҳибкорони саршиноси кишвар аст. Манбаъ афзуд, бо назардошти он ки Хушдил Қурбонови ноболиғ гуноҳашро пурра иқрор кардааст ва ҳодисаи гирифтани маблағ моҳи август – сентябри соли гузашта, сурат гирифтааст, дар назар аст, нисбаташ қонуни афв татбиқ гардад.

Қаблан, Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти як хонандаи Мактаби байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба ивази маблағҳои ҳангуфт ба масъулин дастурҳои ғайриқонунӣ медодааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалӣ бо хешовандаш -- Ҷӯрахон Холов бо мақсади қаллобӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт, ба боварии шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабов даромада, барои ҷудо намудани 30 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи Рӯдакӣ аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд: “Баъдан онҳо ба Раҷабов Маҳмадризо гуфтаанд, ки барои гирифтани замин ба масъул Маҷидов Сабзалӣ муроҷиат кунад ва афзуданд, ки онҳо ба Маҷидов Сабзалӣ барои ҷудо намудани замин тариқи телефон дастур хоҳанд дод”.

Оҷонсии мубориза бо фасод афзуд, Қурбонов ба Сабзалӣ Маҷидов занг зада, худро Сомони Эмомалӣ муаррифӣ карда, гуфтааст, Раҷабов Маҳмадризо “одами ӯст” ва ба вай замин ҷудо кунад: “Ӯ чанд бор худро Сомони Эмомалӣ гуфта, ба Маҷидов занг зада, барои ҷудо намудани замин дастур додааст, аммо Маҷидов бовар накардаасту замин ҳам ҷудо накардааст”.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, ӯ ҳанӯз моҳҳои август ва сентябри соли 2014 аз Раҷабов 50 ҳазор доллари амрикоиро дар шаҳри Душанбе гирифтааст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Кулябец
Агар фарзанди ягон камбагал мешуд, вакт падараш ё худашро паси панчара мекарданд . Ин ,, чияни Анвартекстил " - ку, одами худи!!
ОЗОДАГОН - Шумо оилаи маъруф ном бурдед ин оиларо . Магар ягон олиманд ё ихтирокор? Магар донишманданд ё шоир?
Имруз факат МАЪРУФАНД!!!

Нофахмо
"Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, ӯ ҳанӯз моҳҳои август ва сентябри соли 2014 аз Қурбонов 50 ҳазор доллари амрикоиро дар шаҳри Душанбе гирифтааст".

Аз Рачабов ё аз Курбонов? Курбонов худи хамин чавон аст-ку?!

Он писареро, ки модаркалонаш бо миёнаравии вай 500 сомони кумакпули гирифта буд, низ афв кунанд, аз руи адолат мешавад.

Хамзаали
То шамол нашавад барги дарахт намечумбад

Аку хаму атачони хта ата бугуву пиëваву канчой хурда бгард чура.

Кулябец,
Хушдил аз ягон чихат танкиси надошт, ба ин пул вай эхтиёч надошт. Дар ин кор дигарон аз у истифода кардаанд. Дар оянда хамааш маълум мешавад, ки кадом нафархо аз у истифода кардаанд. Хаволаи бадкардагон ба Худо!
Дар бораи оилаи Курбоновхо шумо хато мекунед. Дар корхонаи Нассочии шахри Душанбе холо зиёда аз се хазор нафар кору фаъолият мекунанд. Чунин корхонаи калонро идора кардан, ин корро хар кас кардан наметавонад. Барои мукоиса бинед, ки ба монанди корхонаи нассочи дар шахри Душанбе фабрикаи трикотажи Элегант, Точикатлас, шолкомбинат, Гулдаст, Чевар ва дигар корхонахо бисёр буданд, ки аз хамаи онхо холо танхо корхонаи нассочи кор мекунаду халос.

Кош ин кудак ай авлоди Курбоновхо худаш танхо бошад. Охир хамаи Курбоновхо ай номи оилаи Э.Рахмон гап мезанан. Афсус ки хамира чаноби оли намедона. Яктояш - Прокурори Норак, хай худатон давомаша бфахмен!!!

малик
Инхо холо калимаи авфа навиштанаша азхуд кунад))))Кулябец,

/Бисер хандаовар,Чароо нисбати ноболигт нохияи Рудаки авф мукарар накарданд?????Онхам азинда гунохи камкардабуд!!!!!

авф
Додар мебахши кафом дао поят зад-гуфта чавобуш додан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)