Бахшҳо

Шарҳи вазир ва додситони кулл дар бораи "гумшавӣ"-и фармондеҳи “ОМОН”

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хабари боздошти Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-ро бо шиносномаи тақаллубӣ дар Туркия рад кард.

Ҷаноби Раҳимзода имрӯз, 20-уми май дар ҳошияи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, хабари боздошт ва интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба Душанбе ягон асос надорад. Ӯ ҳамчунин эҳтимоли пайвастани фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистонро ба созмони террористии “Давлати Исломӣ” рад кард. Вазири умури дохилӣ аз шарҳи бештар дар бораи ин қазия худдорӣ карда, ваъда дод, ки баъдан тамоми паҳлуҳоро ба намояндагони омма ироа хоҳад кард.

Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон дар мавриди овозаҳо оид ба гумшавӣ ва пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба “Давлати Исломӣ” изҳор дошт, ин масъаларо меомӯзанд ва дар сурати дарёфти маълумот аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз хоҳад шуд.

Ахиран, хабаргузории "Тоҷнюз" аз қавли манобеяш иттилоъ дод, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН” бо шиносномаи тақаллубӣ дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Аз ин пеш хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеи худ дар мақомот иттилоъ дод, полковник Ҳалимов вақтҳои охир ба фаъолияти созмони террористии “Давлати Исломӣ” майл дошта ва ҳудуди 10 шаҳрванди дигари кишварро ба ивази маблағ ба ин ҳаракат ҷалб намудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи “Озодагон” дар мақомоти умури дохилӣ, хабари гумшавии полковник Гулмурод Ҳалимовро дурӯғ хонданд. Тавре бархе аз кормандони ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Ҳалимов гум нашуда, балки дар рухсатии меҳнатӣ дар Туркия қарор дорад. Аммо пайвандони полковник Ҳалимов ба "Озодӣ" гуфтаанд, ӯ субҳи 23 апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳоло бенишон аст. Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов дар сӯҳбат ба ин радио нопадид шудани ӯро тасдиқ карда, гуфтааст, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале таъкид намуда, ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Соро Набиева
Гулмурод Халимов як корманди макомоти орган набояд ба ин корхои нопок даст занад чехрааш ба одами бад монанд нест .

Гулмурод Халимов ба ин хел одам монанд нест.

TOJIK xoja
chehrai Гулмурод Халимов ba odami bad monand nest HAMCHUN ODAMI VATANDUST MILLAT DUST AYON AST BO ALLOH DONOTAR AST AZ DILHOI MO , ASOS HAMINKI XUDKUSHI NAKARDABOSHAD SHID YO AZ YAGON OSHYONA XUDASHRO NAPARTOFTABOSHAD SHUD DIGAR HAMAI KOR ,HATTO SABABHOI XUDKISHIHAM BO GUZASHTI AYYOM ZOHIR XOHAD SHUD

ff
Озодагон хами якчира садфоиза карда бад нависед намешавад дигар шумо шира сафед гуед бовар намекунем илтимос хабаро аник карда бад нависед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)