Бахшҳо

Журналистони минтақаи Кӯлоб: “Чик” дар ягон давру замон таҳқирӣ набуд

Як гуруҳ аз хабарнигорони минтақаи Кӯлоб вобаста ба қазияи баҳси додгоҳии ширкати “Умед-88” ва ҳафтавори “Пайк” изҳороти муштарак нашр кардаанд. Ин изҳорот унвонии “Озодагон” ҳам ирсол шуд, ки пешниҳоди хонанда мегардад.

“Чандест баҳси байни ширкати “Умед-88” бо ҳафтавори “Пайк” идома дорад. Сабаб ҳамон як суффикси навозишии русии – чик будааст, ки хабарнигори ин ҳафтавор Шарифхони Тағоймурод дар мақолааш “Бозор ё Умедчик-88 хатар эҷод мекунад” (“Пайк” №15 аз 22 апрели соли 2015) дарҷ кардааст. Ширкат фақат барои истифодаи ин суффикс дар радифи номи худ аз суди иқтисодии вилояти Хатлон аз ҳафтавор ва хабарнигор дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ зарари маънавӣ талаб кардааст, ки ин гумон дорем, хеле амали ноодилона аст. Инҷо нақзи моддаҳои қонун дар мавриди таъқиб барои танқид мушоҳида мешавад.

Ба андешаи мо суффикси навозишии русии – чик дар ягон давру замон таҳқирӣ набуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро таҳқирӣ унвон кардан наметавон. Мардуми рус ҳангоми ба азизони худ муроҷиат кардан ҳамин суффиксро навозишкорона истифода мебарад. Дар тоҷикон низ қисман ин одат риоя карда мешавад.

Гузашта аз ин, тавассути почта ба редаксияи ҳафтавори “Пайк” матлабе аз номи як гуруҳ истиқоматкунандагони шаҳр ва минтақаи Кӯлоб расидааст, ки “Фитнаангезӣ бас аст Пайк” бо даҳҳо имзои шаҳрвандон, унвон дорад. Дар сурати таҳқиқоти ин матлаб маълум гаштааст, ки қисми зиёди имзоҳои ин матлаб қалбакӣ будаанд. Аз ин лиҳоз, тундравии ширкати “Умед-88”-ро нисбат ба ягона ҳафтавори мустақил дар вилояти Хатлон, мо ба ҷуз кинатозӣ, иғвоангезӣ ва ғараз чизе дигар унвон карда наметавонем. Бинобар ин, мо аз ширкати “Умед-88” қатъият талаб дорем, ки иттиҳомотро алайҳи ягона ҳафтавори мустақил дар минтақаи Кӯлоб, ва дар маҷмӯъ сухани озод, қатъ карда, аз идомаи муноқишаҳо даст кашад!

Тавассути ин изҳорот аз тамоми расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ва ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон талаб дорем, ки баҳри дифоъи ҳамтои худ садо баланд кунанд.

Сайдҷаъфар Маҳмадалиев, ТВТ
Ёқуби Содиқ, "Ҷумҳурият"
Турко Дикаев, "Asia-Plus"
Фирӯзи Ҳақназарзода, "Навиди Кӯлоб"
Маҳмуд Раҳматов, "Озодӣ"
Файзалиев Темуршо, "Минбари Халқ"
Билоли Шамс, "Бонувони Тоҷикистон"
Раҳмонов Сайид, "Кулябская Правда"
Дилшод Назирмад, "ТВС"
Суҳробшо Фаррухшоҳ, сухангӯи раиси шаҳр
Шарофат Худойдодова, "ТВС"
Низом Барот, "Нақлиёт"
Аслидин Достиев, "СССР"
Сайраҳмон Назриев, "Asia-Plus"
Уроқов Б, "СССР"
Муъмин Аҳмадӣ, "Озодӣ"
Барнои Бегмадзода
Орзу Каримов, "Озодӣ"
Умар Раҷабов, узви ИЖ Тоҷикистон
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ
Баҳриддини Сангиҳмад...”
Мӯҳр
РустамЧИК
УмедЧИК. яъне ба точики УмедЧА. Ин тахкир аст бародарони "Пайк". Мардонавор гунрхро ба гардан гиред.

Душанбе
Ахсан ба "Умед -88" Шумо мухбирхо аз худ рафтааед. Бигзор дар назди конун барои истифода Чик чавоб дихед. Як маротиба чарима супоред дмгар сухани бе асос истифода намебаред...

"ЧИК" маънои навозиш дорад ва "Умед" бояд ба "Пайк" барои ин лутфу рекламаи бепул маблаг пардохт намояд. Наход хамин гап хам кирои судбози шуд, бародарони азизам?

Софдил
На пуштибони аз Умед 88, балки як чизро ёдовар мешавам, ки ман кариб хамаи шуморахои Пайк- ро мутолиа мекунам. Дар бисёр холатхо дар хакикат Пайк- хам мегузаронид. Журналисти хам ба худ одоб бояд дошта бошад, бародарон. Одоби навиштанро кариб ки ин шумора риоя намекард. Якчанд шумора шудааст,ки Пайк ба худ омад. мешудаст-ку!

Хакгу
Шарифхон, хакро гуфтаи! Мо бо ту хастем! Рохбари ширкати Умед 88 бовар надорам як марди саховатпеша чунин рафтор кунад. Ин дар шаьни рохбарияти Умед 88 нест.

Пайк
Як бор Пайка Умед -88 Чик карда монад, оянда ба худ меояд, мухбирхои чик !!!!!!

Акаи "Умед 88" як маротиба газетаи Пайка Чики чукуруш кун ки фаромуш нашаванда боша

Исроил Искандаров
Умед 88 хар хеле набошад бехуда ба суд мурочеат кардаст, далел надорад. лекин Пайк Ахмади Иброхим шери нари кулоби. Шарифхони Тагоймурод дар Кулоб бехтарин журналистай, ман бо туям Шарифчик!!! Ты мой гордост брат!

Ин муроҷиатномаи дустони рафиқони Ахмади Иброхим сармухарири "Пайк" аст. Журналистем, гуфта чизе ки хоҳед навиштан мегиред? О одоб гуфтани гап хаст. Рохи Шуморо "Умед 88" нагирад, ки метонад гирад. Барои суханҳои беасосатон мардонавор ҷавоб гуед. Умед 88, ҷавонмардона рафтор намуда, радияи маълумотҳои беасос пешниҳоднамударо кардааст. Мард шуда чоп намоед. Аз паша фил насозед. Ба Шарифхони тагоймурод гуфтаниам, ки дар муҳоҷирати меҳнат, бо азоб гаштаи. О намешавад дар Умед 88 кор намои? Фитна накуну имконият дех чои кор ташкил намояд, то ин ки ту барин бачоҳои тоҷик ба муҳоҷират нараванд. Шарифхон аз НФС Муминобод бензин гирифта пулашро надодаи, хоҳишмандам пулашро фиристон.

Пайк сохибкоронро маломат накунед. Ин хуб намебошад, чунки пешравии чомеаи мо аз рушди сохибкори мебошад. ЧДММ "Умед-88" яке аз бехтарин ширкатхои ватани буда барои иктисодиёти мамлакат сахми арзанда мегузорад. Бинобар ин аз тамоми рузноманигорон хохиши онро дорам, ки сади рохи сохибкорон нагарданд.

Пайк, мисли Кайк, танхо халоватро халалдор мекунию, гузашта мераи. Дигар чизе аз дастат намеояд. Чунки номат ба рафторат мувофик аст. Кайкаки кулоб

Дар хакикат хар як нафар фикри шахсии хешро баён кардааст. Бо хамаатон розиям. Аз саховатмандии умед-88 харф задаед. Кучост хамон саховатманди? Оне, ки баъди дар маркази шахри Кулоб бидуни хама коида ва конунхои кишвар ва конунхои нонавиштаи одамият нуктаи фуруши сузишвори сохтааст. Бале баъди ин амалаш ба чанд тан сокинони шахр кумакпулии яквакта аз 50 то 100 сомони дар арафаи 9-май такдим кардааст. Чи магар солхои пеш нухуми май набуд ё таквим (календар) факат имсол 9-май дорад. Барои консерти як "ситораи навбаромад) садхо хазор сомони масраф мекунаду наход ба хамин иштирокчиёни ЧБВ 50-100 сомониги дихад. Кучост саховатманди? Сохибкор гуфта аз дахонатон об наравад. Агар дар ин нуктаи сузишвории сохтааш 15 нафар бо кор таъмин шуда бошад 100 нафар сокинони дигар аз чои кор махрум шудаанд. Наклиёти мусофиркашонро аз ин нукта милисахо хар руз пеш мекунанду мусофирон бесарусомон шудаанд. Дар пахлуи хукумати шахри Кулоб боз як тавакуфгох хаст. Шояд Умед-88 дар он чо хам барои 15 нафари дигар чои кори доими ташкил мекунад. Бародарон Шумо хатогихои кучаки рузноманигоронро, ки дар аксар маврид барои маколахои тахлилиашон моххо зери фишор карор мегиранд мебинеду конуншикании сохибкоронро мушохида намекунед. Хозир агар ба кумитаи заминсозии шахри Куло, архитектура, оташнишони СЭС ва дигар идорахои масъул дар бораи нуктаи фуруши сузишвории Умед-88 дар маркази шахр пурсон шави хама об ба дахон мегиранду аз дастгохи ичроияи президент сар карда то вазорату идорахо, прокуратураи генерали ва дигархо бо зангхои телефони девонаат мекунанд. Баъдан ин чо сухан дар бораи Ахмади Иброхим не балки сухани озод меравад. Агар ягона рузномаи мустакил дар минтакаи Кулоб баста шавад ё суд калимаи "Чик"-ро ба фоидаи Умед-88 хал кунад вой бар холи матбуоти озод.

Хуршеди А.
Ширкати Умед-88 мехохад худро дар назди мардуми Кулоб муаррифи кунад вале ин ширкатро мардуми Кулоб харгиз кабул надоранд, зеро чанд сол пеш бозори Кулобро сузондабуданд вале мардуми Кулоб ба бозори Умед-88 накучид! Сухтори бозори кулоб ба ширкати Умед-88 дахл дорад. Кормандони ПАЙК даъво кунед адвакати Умед-88-ро аз кулоб пеш кунед. Фаолияти ин атвакат окибат КУЛОБИхоро ба чанг мекашад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)