Бахшҳо

Давлатов аз даъво алайҳи Ҷамила Ҳусейнова даст кашид

Ҷумахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” аз даъвояш алайҳи рӯзноманигор -- Ҷамила Ҳусейнова ва нашрияи "Вечерний Душанбе"-и Акбари Саттор даст кашидааст.

Дар ин бора имрӯз, 10-уми июн ба хабаргузории “Озодагон” Ҷамила Ҳусейнова иттилоъ дода, афзуд, феълан сабаби аз даъво даст кашидани Давлатов дақиқ нест.

Қаблан Ҷумахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон”, алайҳи нашрияи "Вечерний Душанбе"-и Акбари Саттор ва рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб карда буд.

Давлатов даъво дошт, дар матлаби хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова, ки таҳти унвони “Почему автобазы превращаются в "кладбища" автобусов?” дар нашрияи “Вечерний Душанбе” чоп шудааст, ӯ мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад гардида, касалии қандаш авҷ гирифтааст.

Акбари Саттор, муассиси “Вечерний Душанбе” бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфта буд, Давлатов аз нашрия 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва аз хабарнигор Ҷамила Ҳусейнова 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ талаб кардааст.

Дар матлаби баҳсбарангез аз зиёд шудани автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шудааст, ки баъзан ба бемасъулиятии роҳбарон марбут аст. Ҳусейнова дар матлабаш Ҷумахон Давлатов, собиқ роҳбари корхонаи “Автобус-1”-и Душанберо зикр карда, афзудааст, ки ӯ тайи як соли роҳбарияш хешовандонашро дар хобгоҳи корхона ҷой карда, фикре накард, ки он моли шахсии ӯ набуда, моликияти давлат аст: “Баъди роҳбарии Давлатов мушкилот дар корхонаи “Автобус-1” афзоиш ёфтанд, аммо ӯро ба ҷои он, ки ба ҷавобгарӣ кашанд, баръакс вазифаи баландтар дода, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъин карданд”.

Дар пайи ин даъво наздики 300 сокини шаҳри Душанбе бо имзои як муроҷиатнома дар фейсбук аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт дархост кардаанд, ки ба қазияи ба додгоҳ кашидани рӯзноманигор Ҷамила Ҳусейнова бетараф набошад. Муроҷиаткунандагон даъвои додгоҳии Ҷумъахон Давлатов, муовини феълии раиси корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”-ро алайҳи Ҷамила Ҳусейнова беадолатӣ хондаанд, чун ба гуфтаи онҳо рӯзноманигор рисолати худро иҷро карда, фаъолияти Давлатовро дар замони раиси корхонаи “Автобус-1” буданаш, интиқод намудааст. Ин гуруҳи сокинони Душанбе мегӯянд, воқеан мушкилот дар умури нақлиёти пойтахт хеле зиёданд ва масъулин ба ҷои ислоҳ аз болои онҳое, ки ин камбудиҳоро ошкор мегӯянд, ба додгоҳҳо шикоят мекунанд.
Мӯҳр
дарвеш
Бачои ислохи ин шармандагияш боз ба додгох мурочиат намудасте тоба кардам , камтар шарм доред .....

amar
ДУЗД ЙУРЃАВУ CОХИБИ МОЛ ШАРМАНДА!!!! Маколи мардум.

аз офату балохои Душанбе халос шудед, Чамилахон.

хакикат талх аст
Офарин Чамилахон! ташаккур ба шумо!!! Худованд сафи чунин рузнаманигоронро зиёд гардонад!

----
АЗ ТАМОМИ МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН ХОХИШ биёд мо тарафи рузноманигорони хакгуйро гирем. яктояш ки голиб омад дигар хакикатхо Худо хохад ошкор мегарданду халли худро руз аз руз меёбанд ва Точикистон руз аз руз обод мегардад

сокини поитахт
метарсам савол мекунад аз хонандагон ки шармаш чист?)) ё болои морам шикоят мебарад хаха..

БОРАКА ОЛЛОХ УМРАК, ЧАМИЛАБОНУ !!!!!
"Рости варз ,бигзар аз рахи рост !
Рост гуфтем, ихтиёр турост...
Рости гу, кион муфид бувад,
ДАРИ ИКБОЛРО КАЛИД БУВАД !!!!!"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)