Бахшҳо

WikiLeaks аз 12 руҳонии “зархарид”-и тоҷик иттилоъ дод

Пойгоҳи интернетии WikiLeaks, ки бо фошкориҳояш аз соли 2007 инҷониб маъруф аст, ахиран аз "руҳониёни зархарид"-и тоҷик иттилоъ дод, ки ба ивази маблағ ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудиро таблиғ мекунанд.

WikiLeaks, ки 19-уми июн тақрибан 70 ҳазор мукотиботи Вазорати умури хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои Арабистони Саудиро ифшо кард, аз ҷумла номаҳои сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро низ нашр кардааст. Дар номаҳои марбут ба Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки солҳои 2011-2012 навишта шудаанд, аз ҷумла дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ифшо шудааст, ки барои гузарондани конфронс дар мавзӯи марбут ба Афғонистон аз Арабистони Саудӣ 200 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак хостааст.

Дар номаи дигари сафорати Арабистони Саудӣ, дипломатҳои ин кишвар аз густариши ҳузури Эрон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, фаъол кардани таблиғгарони ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудиро дар Тоҷикистон зарур хондаанд. Аз ҷумла дар номаи сафорати Арабистони Саудӣ, ки 4 соли пеш навишта шудааст, зикр шудааст, 12 нафарро ба ивази маблағ ба таблиғи ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудӣ ҷалб кардаанд, ки 5 нафарашон устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мебошанд. Дипломатҳои Арабистони Саудӣ зарур хондаанд, ин раванд густариш ёбад.

Тибқи мактубҳои нашркардаи WikiLeaks бисёре аз мукотиботи сафирону Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ ба масоили мазҳабӣ рабт доранд. Аз ҷумла тибқи ин ҳуҷҷатҳо Арабистони Саудӣ аз Кувайт хоҳиш кардааст, ки пайравони шиаро ба лоиҳаҳояш камтар роҳ диҳад.

Дар асноди ифшокардаи WikiLeaks баробари мукотиботи Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ инчунин гузоришҳои хадамоти ҷосусӣ ва Вазорати умури дохилии ин кишвар ҷой доранд.
Мӯҳр
Худаш маълум буд,ки хамин тавр аст. Чи хеле, ки мардуми мо нисбати Иронихо ва шиахо акида доранд, хайрон мешавед. Гуе душмани N1-и ислом онхо бошанд.

Миллатгаро
Дар номаҳои марбут ба Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки солҳои 2011-2012 навишта шудаанд, аз ҷумла дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ифшо шудааст, ки барои гузарондани конфронс дар мавзӯи марбут ба Афғонистон аз Арабистони Саудӣ 200 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак хостааст.
Аҷоиботи олам... Ҳар рӯз пул мепурсем

ман
кихастан ин рухониён? номашон нест, ё ба мисли гапои занакои лави овай ин хабар ????

1
Арабистон бо доштани шахсиятхои бузургаш барои мо азиз аст.Аммо ин сухан ба хукуматдорони феълии Аарабистон тааллук надорад,чунки хар кавму гурухи ихтилофафкани имрузи дунёи Исломро агар бинем дар раъси онхо Вахобихои арабитон накши бориз дорнд.

Ана акнун маълум шуд, ки барои чи баъзе аз мардум ин кадар ШИЪА ва ИРОНРО бад мебинанд.

Дар давраи ардашер кодири буд, сардори раесати осие африкои вазорати корхои хоричи, ардашер чавоб дихад Холо сафир дар Катар аст

Якеаш Абдурахим устоди донишгох дигарш Мухаммадии салафи бо пайравонаш!!!!!!

Аз хамма маколаи бе мазмуну бесаводона. Номи маколаро дикатчалбкунанда мемонеду дарунаш мисли пистаи бемегз. Дар бораи рухониёни зархарид кайд кардед, акнун номашонро низ нависед. Руз то руз озодагон бе маъни мешавад. Медонам ки чоп намекунед чунки точик хастед.

ислом.70mail.ru
Аслан мо бегонапараст хастем. Ман шахсан як хаммилатам яъне миллати форсамро ба миллион Арабхои яхудипараст намедихам. Чи хеле ки Арабхо хаммилаташонро яъне Яхудихоро дуст гирифтаанд гар чанде ки Худованд гуфтааст ки Яхуду Насороро дуст нагиред, ман бошам миллате ки Паембари Худо дуст медошт яъне миллати Форсро ки мефахрам ба Форс буданам, дуст медорам.Зинда бод миллати Форс.

донишчу
Бале, кори хуб карданд, ба муллохо маош доданд ки даъвати акидаи ахли суннат кунанд, ба хотире ки Эрон дигар муллохоро музд медихад ки ба равиш ё акидаи шиа даъват кунанд, ва Эронру шиаёнро хамчун дусти наздик ва бародарони чонии худ бишуморанд.

Исфандиёр,
Ба Исфандиёр! Шиа ва Эронро барои он бад мебинанд ки шиа дини яктопарасти Исломро ба дини одампарасти табдил медихад. Шогирдони мактаби Расули Худоро (сахобагонро) кофир мегуяд. Модарони муъминон-Хафсаву Оиша разияллоҳу анҳума ро туъмат ба зино мекунад ва садхо чиноёти дигар.

шайх темур
имруз шиа е суни мегуед ба маънои асли он намеравед. аввал пеш аз шиаю сунни гуфтанд фаркият ва мазмуни ин ду равияро ба омма фахмонда дихед. илтимос домуллохои мухтарам.

ман аз ин дахолатхои ин давлатхо ба сиёсати Точикистон нигаронам. Агар шаваду ин акидахо дар Точикистон пахн шаванд, Точикистон дигар якпорча намемонад. Худатон фикр кунед, мо мардуми Бадахшон бо бародаронамон дар сулҳу амони зиндагӣ мекунем, шахси бегонае меояду моро шиаву сунни гуфта чудо мекунад, окибаташро одами боакл худаш бояд фикр кунад, ки чи мешавад. Мо бояд якчоя дар ватанамон гояи миллиро пеш барем ва новобаста аз дар кадом мазхаб буданамон, мо як миллат - точик хастем ва шиа ё сунни буданамон барои бародар буданамон монеъа нест. Худованд тамоми мусулмононро муттахид нигоҳ дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)