Бахшҳо

ВИДЕО: Қиссаи ба Сурия рафтани зани “сешавҳара” дар гузориши ВКД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як зани 33-солаи шаҳри Душанбе хостааст, барои аз Сурия ба Ватан баргардониданаш кумак расонанд.

Ин ниҳод мегӯяд, Зарина Сардорова, модари ду фарзанд, моҳи январи соли равон ба модар ва шавҳараш гуфта, ки қасди истироҳат дар шаҳри Истамбули Туркияро дорад, “аммо дар асл мақсади ба Сурия рафтан доштааст”.

Вазорати умури дохилӣ дар гузориши телевизионие гуфт, Зарина ба наздиконаш ваъда медиҳад, ки ба Истамбул рафта, баъди як ҳафта бармегардад: “Шавҳри ӯ, Рустам Раҳмонов ба хотири барқарор кардани саломатӣ ва сайёҳати ҳамсараш аз бонк се ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта, умедвор буд, ки пас аз ҳафтае ҳамсараш ба хона бармегардад. Вале аз ваъдаи бозгашти Заирина ҳафтаҳо сипарӣ мешуду аз ӯ хабаре набуд. Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи доир кардани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи ошкор намудаанд, ки Зарина на дар Туркия, балки дар давлати Сурия қарор дорад”.

Ба иттилои манбаъ, бо гузашти ҳафтаҳо аз нопадид шуданаш Зарина тавассути “Вайбер”-и “Одноклассники” аз худ хабар дода, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш намудааст, барои баргаштанаш ба Тоҷикистон ба ӯ кӯмак намоянд: “Пас аз ҳақиқати ҳолро бо чашмони худ дидан ва зери фишори шавҳари сеюм афтодан Зарина аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиши ба Ватан баргаштанро намудааст”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Зарина ҳангоми дар Ватан будан дар як вақт бо ду мард зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои ин ниҳод, баъди ба Сурия рафтани Зарина ҳамсари якумаш - Рустам Раҳмонов хабардор мешавад, ки ӯ шавҳари дигар низ доштааст. Ба иттилои ВУД, Зарина дар Сурия бори сеюм бо як марди дигар хонадор шудааст.

Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, никоҳи мусалмонии Зарина бо шавҳари дувумашро дар Душанбе раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ анҷом додааст. Ҳамсари дувуми ин зан дар гузориши телевизионӣ гуфт, аз шавҳар доштани Зарина хабар надошт. Ба қавли ӯ, Зарина вақти шиносоӣ гуфта, шавҳару кӯдак надорад. Дар гузориши ВКД, духтаре сухан кард, ки ба қавли муаллиф фарзанди Зарина Сардорова мебошад. Вай изҳор дошт, модараш ба онҳо таъкид мекард, назди ҳамсари дувумаш ӯро на модар, балки амма гӯянд. Ин ҷавондухтар дар ҳоле ки гиря мекард, гуфт, “модар баргард, туро ёд кардаам”.

Ба омори расмии мақомот, то ба имрӯз ҳудуди 400 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Гуфта мешавад, чанде аз ин нафарон зан ва фарзандҳои худро низ бурдаанд.


ВИДЕОИ ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ВУД
Мӯҳр
ав
Ман тамошо кардам хамин гузоришро. Бисер холатхои зиддунакз дида мешуд. Ба фикрам ин гузориш бофта аст. Бовар дорам, гайр аз мардуми галу , касе ба ин гузориш бовар накард.

Дурдом...или Дом2. Скорее руки ноги в карман и в аэропорт...в европу...только в европу. Истинный ислам НЕ в мусульманских странах.

Обу хоки Точикистон курт кунад ту ношукрбандара, ки ту ки аз Ислом бохабар мебуди хаки шавхарро медонисти чикадар баланд аст дар Ислом, чунин рафтор мекарди. Садкаи хами Ватани тинчу ором, садкаи фарзандот шави

.
КОЕ КТО,

Ты что зомби? Пустили передачу для дураков, а ты и поверил? А если хочешь в Европу с ее высокими "нравственными" ценностями, то вали тебя никто не держит. Но кому ты там нужен?

Geneva
Пффф хандаовар. Боз нахзатихо айбдор шуданд хамин чо хам?

Roterdam
Ин зан ба занхое ки макомот дар амалиётхои махсусашон зидди хизбхои сиёси истифода мекарданд хеле монанд аст.

бародаро и ҳамаш мукин росбошад ман дар бозори қурғотепа дар бозори ҳоҷи шариф занеро дидамки тақрибан синаш ба 45 анҷ расидаги соҳиби чанд фарзанд буда балки духтараш хамроҳаш савдо мекард неким лубовникҳам доштак яке ягруз шавҳараш фаҳмид ин воқеъаро дар даруни бозор ранги туйшид
ав,

Али ш.Душанбе
Бояд,ки ин хел занҳои бисёр шавҳараро ба Тоҷикистон кушиши ёрдам нест. Онҳор Худо задааст. Ин занро бояд Хукумат ҳамҷун ватан фуруш ҳукум баровард дар овардани вай кумак намуда. Баъди овардан ба вай ҳукми қатл дода шавад.

Пурхон
Ин занак чанд руз баъд боз дар тв пайдо мешавад ва мегуяд ки уро макомот баргардонд ва бо харчизи дигар ки фармоишаш доданд мегуяд. У дар ягон кунчи шахр пинхон аст холо мебинед.

СУДЯ ПО ЕЁ ГЛАЗАМ НЕ СКАЖЕШЬ..ЧТО ОНА ТАК НЕСЧАСТНА..УЖ СЛИШКОМ ДОВОЛЬНОЕ ЛИЦО У НЕЁ..

Исфара
Ин гузориш як мазхака буд аслан гузоришхое, ки аз хнит ном бурда мешавад хамаашон мазхакаанд

Исфаринский
Як полковнику БАНОМУС аз ин спектаклҳо тоқат накарду рафт,танҳо бенангу беномусон,режисеру актерҳо дар мвд мондаанд.

Saidbilol
Мутасифона дар отмосфераи хозираи Точикистон агар касе хар гунохе содир кунад ХНИТ - ро гунахкор мекунанд . аз хар лахзае истифода мебаранд аз Худо натарсида барои Сиёх кардани ин Хизби Расмии Муътадил.

и мешудааст ку дую сезанахоро шунида будам сешуя хам будааст мешавад ки дар баробари бисёрзани бисёршавхариро хам конуни кунанд ягон чои айб надорад о дар олами мутамадин-чахони якум голубойиро ку конуни кардаанд

ав,
мухтарам АВ, ман хам тамошо кардам ва муи сарам рост хест аз харромию касратии баъзе ба ном мусулмон. Вале ман галу нестам, ман вокеъбин ва хакикатчуям,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)