Бахшҳо

Дашномдиҳии “дӯстонаю шӯхиомез” бо куштор анҷомид

Додгоҳи вилояти Суғд Мирзоалӣ Мирзоев, сокини 34-солаи маҳаллаи Дўстии ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳро барои қатли ҳамдеҳааш ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Ба иттилои манбаъ қазия, дар пайи дашномҳои ба истиллоҳ “дӯстона ва шӯхиомез”, ки миёни бархе аз сокинони кишвар одат шудааст, аввали соли равон рух додааст: “Мирзоев Мирзоалӣ барои харидорӣ намудани тамоку ба мағоза рафта, дар назди мағоза шиносаш Холбеков Ҳабибуллоро вомехӯрад, ки тоза аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст. Пас аз салому алейк, бе ягон бадбинию ғараз чун одати пешин шўхиомез Ҳабибулло ва Мирзоалӣ ҳамдигарро дашном доданд”.

Додгоҳ мегӯяд, вақте Ҳабибулло хоҳари Мирзоалиро дашноми қабеҳ кард, ҳамсўҳбаташ ба ғазаб омада, бо корди кисагиаш ба гурдаи чапи Ҳабибулло зарба зад: “Аз чунин ҳамла ҷабрдида тозон ба мағоза даромада, аз соҳиби он Саидакрам Ҳасанов ёрӣ пурсид. Мирзоалӣ бошад, бо овози гўшхарош аз соҳиби мағоза хоҳиш кард, ки Ҳабибуллоро дошта истад. Вале Саидакрам аз чунин оҳанги имдодталабонаи Ҳабибуллову фарёдзании Мирзоалӣ тарсида, аз мағоза баромада, ҷониби нуқтаи сўзишворӣ шитофт, то ин ки Ҳоҷӣ Сангинов ва Саидғиёс Саидовро барои ёрмандӣ даъват намояд.

Дар дохили мағоза бошад, Мирзоалӣ Ҳабибуллоро то аз пой афтидан корд зада, пасон ҷониби хонааш рафт. Вай дар роҳ ҳамсояаш Шералиро дида, бо телефони мобилии ў ба рафиқаш – корманди милитсия Фахриддин Мерганов занг зада, ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд”.

Ба иттилои манбаъ дар ҳамин ҳол Ҳабибуллои маҷруҳ аз Саидғиёс Саидов, ки бо ҳамроҳии Саидакрам ва Ҳоҷӣ Сангинов омада истода буданд, хоҳиш кард, то ӯро ба беморхона баранд: “Аммо дар роҳ бар асари захмҳои бардоштааш ва хунравии зиёд ҷон додааст”.

Додгоҳи вилояти Суғд таъкид намуд, ки Мирзоев Мирзоалӣ дар мурофиа пушаймонияшро баён доштаааст ва додрас бо назардошти ҳамаи омилҳо, аз ҷумла ихтиёрӣ таслим шудан ва фарзандони ноболиғи Мирзоалӣ, ӯро ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)