Бахшҳо
06 июл 2015 17:41Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ 75-солагии Назарбоевро табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои қазоқаш – Нурсултон Назарбоевро ба муносибати ба синни 75-солагӣ қадам ниҳоданаш телефонӣ табрик гуфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев субҳи имрӯз, 6 июл сурат гирифт. Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои қазоқи худро ба рӯзи зодрӯзаш табрик гуфта, “барояш саломатии қавӣ ва комёбиҳои навин орзу кард”.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар афзудааст, ки суҳбати Эмомалӣ Раҳмону Нурсултон Назарбоев гарму бародарона сурат гирифта, ибрози умедворӣ шудааст, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар оянда низ рушди матлуб касб хоҳад кард.

Нурсултон Назарбоев 6 июли соли 1940 дар ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон ба дунё омадаааст. Ӯ аз соли 1984 то 1989 раҳбарии Шӯрои вазирони ин ҷумҳуриро бар уҳда дошт. Соли 1989 ба ҳайси раҳбари Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Қазоқистон интихоб шуда, то соли 1991 дар ин симмат кор кардааст. Дар пайи пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ моҳи декабри соли 1991 ба ҳайси нахустин президенти Қазоқистон ба курсии раҳбарии кишвараш нишаст ва инак то ҳол бо ислоҳу тағйири пайдарпайи Қонуни асосӣ (конситутсия)-и Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози қаламраву захираҳои табиӣ ва ҳаҷми иқтисодро раҳбарӣ мекунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)