Бахшҳо

Боздошти нашъаҷаллобон дар Панҷакент ва Кӯлоб аз ҷониби АНМН

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар як силсила чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ кардаанд.


Тавре ба “Озодагон” аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар натиҷа барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии нашъа 4 нафар боздошт гардиданд. Аз ҷумла,  10-уми октябр, дар ҷараёни баргузории чорабинӣ бо усули “харидории назоратӣ” кормандони шӯъбаи раёсати агентӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшони вилояти Суғд бо гумони фурӯши воситаҳои нашъаовар сокини 37-солаи ноҳияи Панҷакентро, ки пештар бо моддаи 138 КҶ ҶТ (барои таҷовуз ба номус) маҳкум шуда буд, боздошт намуданд. Аснои кофтукофи шахсӣ аз ӯ бастаи пур аз ҳероин кашф ва мусодира гардид. Зимни чорабинии иловагӣ боз ду тан аз шарикони ин амали ҷиноӣ, ки аз ҷумлаи сокинони ҳамин ноҳия буданд, дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса мувофиқи моддаи 200, қ.4 КҶ ҶТ (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар бо мақсади фурӯш) парвадаи ҷиноятӣ боз гардид.

 

Манбаъ ҳамчунин афзуд, худи ҳамон рӯз кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҷараёни тафтиш ва татбиқи маълумоти фаврӣ бо истифода аз саги хидматӣ ҷои истиқомати як сокини 33-солаи шаҳри Кӯлобро мавриди тафтиш қарор доданд. Дар яке аз утоқҳои он бастаи селофании дорои 38 қутти пур аз маводи нашъаовари “канабис” ошкор ва мусодира шуд. Тибқи хулосаи озмоишгоҳи ташхисӣ- судии агентӣ вазни умумии он 400 граммро ташкил медод. Ҳангоми пурсиш боздоштшуда иқрор шуд, ки маводи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад ва қасд дошт онҳоро фурӯшад. Ҳоло чораҳои иловагӣ барои шиносоӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони дигаре, ки ба ин ҷиноятҳо шариканд, андешида мешаванд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)