Бахшҳо

Шӯрои ВАО: Пеш аз “бойкот” шарҳи ҳукуматро интизор мешавем...

Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) имрӯз, 24-уми июл дар пайи як ҷаласаи роҳбарони расонаҳои мустақил эълон намуд, бо як номаи дастаҷамъӣ аз ҳукумат шарҳи протокол дар мавриди нашри иттилооти расмӣ танҳо тариқи “Ховар”-ро дархост хоҳанд кард.

Ахиран хабаргузории “Озодагон” суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад.

Дар пайи баррасии ин тасмими ҳукумат дар ҷаласаи Шӯрои ВАО Нуриддин Қаршибоев изҳор дошт, мехоҳанд шарҳи расмии ҳукуматро дар мавриди ин тасмим дарёфт кунанд: “Як номаи дастаҷамъӣ менависем, ки дар он роҳбарони расонаҳо, журналистон ва дигар созмонҳо метавонанд, имзо гузоранд”.
Дар мавриди “бойкот” ё барои як муддат худдорӣ кардани расонаҳои мустақил аз нашри хабарҳои расмӣ ҳозирини ҷаласаи Шӯро хулоса карданд, ки беҳтар аст, нахуст шарҳи ҳукуматро интизор шаванд.

Қаршибоев изҳор дошт, дастрасӣ ба иттилоъ ҳуқуқи конститутсионии на танҳо журналистон, балки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дастрасии баробар ба иттилооти расмӣ бояд барои расонаҳои давлатию мустақил таъмин гардад: “Набояд барои амбитсияҳои шахсу гуруҳҳои алоҳида ин ҳуқуқи конститутсионӣ нақз гардад”.

Ин дар ҳолест, ки дар суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумат ном ва насаби раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон навишта шуда дар он гуфта мешавад, иттилооти расмӣ ибтидо ба АМИТ “Ховар” ва аз тариқи “Ховар” ба дигар расонаҳо пешниҳод шавад. Дар суратҷаласаи мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: “Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад. Иштироки намояндаи ҳатмии “Ховар” дар чорабиниҳои зикргардида дар назар дошта шавад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколи мазкур ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд”.
Мӯҳр
Рачаб Мирзо
Инро медонед чи мегуянд? Масхарабози!!! Охир хамин хукуматдорон ба хамин саволхо чавоб надоданд? Пас шархи дубора чи маъни дорад? Вактро бехуда гузарондан!!! Яъне агар дар ин муддат яке хукумат чизеро тагйир дод, Акбару Каршибоев бо овози баланд ба кунчи сина заданд, дидед, ки мо ин корро кардем!!!! Акбар аз хукумат икарак таъриф мешунавад, Каршибоев икараки дигар проект карда, икарак пул кор мекунад ва чанд сафари дигар ба Аврупо хохад дошт. Ба дигарон чи? Тавре кадомаш каблан гуфт, ин проблемаи шумост проблемахоятон. Тамом!!!

Рахнавард
Ин Каршибоевро точно харидаанд. Хукумат посух медод ба ХНИТ посух медод. Шарм накарда хамин гапа гуфтааст. Хести ки хоби! Ба 4 журналисти кади куча хукумат посух медихад?

Журналист
Рахнавард,
Рост гуфтед, бародар Рахнавард. Сад фоиз бо шумо розиам. Ин журналистхову хизбхову мардум ки хастанд ки хукумат ба онхо чавоб гуяд? Хукумати мо зур аст! Ба хар хизбу гурух чавоб намегуяд. Вай хуккматхои заъиф мисли Аврупову Амрико ба хар шахрванд чавоб мегуянд, чун аз овози мардум вобастаанд. Чавоб ки нагуфтанд, дар интихобот овоз нест. Хукумати мо аз овози касе вобаставу муттахам нест. Мо аз худамону бародарои русу узбек миннатдор. Бародарои чин хам хастанд. Мардум гуфтан мегиранд. Офарин!!

rahmon
Ин ба он маъност, ки кабри ВАОи мустакил канда шуд, омодаи салоти чанозааш бошед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)