Бахшҳо
31 июл 2015 12:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Давлатзода: Хатоиҳо дар Бонки Миллӣ ҳам боиси ҷаҳиши қурби $ шуданд

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб мегӯяд, қоидавайронкуниҳои кормандони Бонки Миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ дар баробари омилҳои берунӣ боиси афзоиши қурби доллар ва поин рафтани арзиши пули миллӣ- сомонӣ шудаанд.

Давлатзода, имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, амалиёти харидуфурӯши долларро дар Бонки Миллӣ санҷида, муайян кардаанд, ки 37 ташкилоти қарзӣ долларро аз ин ниҳод арзон харида, баъдан то 14 фоиз қиматтар мефурӯхтаанд. Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, дар робита ба қонуншиканиҳо зимни харидуфурӯши доллар нисбати 6 корманди Бонки Миллӣ санад тартиб дода, барои чораандешӣ ба Прокуратураи генералӣ равон кардаанд.

Масъулини Палатаи ҳисоб оғози парванда алайҳи Ҷамшед Юсуфиён, собиқ муовини раиси Бонки Миллиро рад карданд.

Дар маҷмуъ раиси Палатаи ҳисоб афзуд, ки фаъолияти 5 солаи Бонки Миллиро санҷида, дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ зарар ошкор кардаанд, ки аз ин 8-9 миллион сомонияш ба корҳои сохтмонӣ рост меояд: “Қисме аз ин маблағҳо барқарор шуда, чораандешӣ барои барқарор намудани маблағи боқимонда идома дорад”.

Ба суоли “Озодагон”, ки оё масъуле барои ин зараррасониҳо муҷозот шудааст, Давлатзода изҳор дошт, ки бояд масъулине, ки ин соҳаҳоро назорат мекардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Мӯҳр
ш Душанбе
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб ...Бисёр марди кордон ва хоксор мебошад ....Ба Хукумати мо чунин гадрхои босавод ва хоксор чун боду хаво зарур мебошад ...Рахмат ба бадару модари чунин марди хоксорро тарбия кардагиаш.....дар хакикатан марди замини мебошад...

Салом алейкум Озодагон. Миннатдории бепоёни сохибкорони Точикистонро ба Чаноби Давлатзода расонед. Аз ин беасос яку якбора болоравии курби доллар садхо сохибкорон муфлис шуда истодаанд. Дар хакикат Бонки Милли дар ин холат корхои "назаррас", ё ин ки хирсона мекунад. Чи хеле, ки русхо мегуянд ЗАЖРАЛИСЬ (аз хад бехад шикамсеранд, аз хисоби азоби мардум). Бояд тамоми филиалхои Бонки Миллиро якбор тоза кардан даркор аз кадрхои кухна. Хусусан рохбарони онро дар вилоятхо. Боз якбори дигар ахсан ба Давлатзода.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)