Бахшҳо

(ВИДЕО) Волидони сарбози гумшуда: Ин ҷасади писари мо нест

Волидони Нуралӣ Ҳайдаров, сарбози қисми ҳарбии 2803-и неруҳои марзбонии Тоҷикистон иддао доранд, ҷасаде, ки ахиран ба онҳо нишон дода шуд, фарзандашон нест.

Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷасаде, ки мақомот рӯзи 7 август барои ташхис аз хок берун овард, нишонаҳои фарзандашро надид: “Вақте ҷасадро канданд, нишонаҳояшро кофтам, наёфтам. Ҷасади гуршуда қади баланд дошт, пояш андозаи 45 буд, писари ман 39-40 мепӯшид ва қадаш дароз набуд”.

Ҳуснигул Сулаймонова, модари Нуралӣ ҳам мегӯяд, “писарам зери каши дасташ холи сиёҳи гуштӣ дошт, аммо шавҳарам гуфт, ҷасаде, ки аз хок бароварданд, он нишониро надошт. Гушҳои писари мо калон ва худаш бузургҷусса набуд, ки ин нишонаҳо ҳам дар ҷасади дафншуда дида нашуд”.

Иддаои волидони ин сарбоз дар ҳолест, ки Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хулосаи ин ташхис хабар медиҳад. Ин ниҳод ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, дар асоси талаботи падари Нуралӣ Ҳайдаров бо қарори Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, комиссияи экспертӣ барои гузаронидани тафтишоти судию тиббӣ, криминалистӣ ва патологоанатомии (эксгумация) ҷасад ташкил карда шуд: “Ҳайати гуруҳ, аз кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон, прокуратураи ноҳияи Шаҳритус, намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ ва мутахассисони беморхонаи ноҳиявии Шаҳритус иборат буда, пас аз гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотӣ ва санҷишӣ, ба чунин хулоса омадаанд, ки сарбози қаторӣ Ҳайдаров Нуралӣ, дар натиҷаи ғарқ шудан дар об ҳалок гардидааст”.



Нуралӣ Ҳайдаров баҳори соли 2014 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар Отряди сарҳадии “Ишкошим”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хизмат мекардааст. Ҳуснигул Сулаймонова, модари Нуралӣ мегӯяд, аввалҳо писараш пайваста ба онҳо телефон мекард, аммо ахиран фосилаи ин зангҳо хеле тӯлонӣ шуда буд: “Пеш аз иди Рамазон телефон карда гуфт, барои зодрӯзаш -- 21 июл 100 сомонӣ фиристем. Баъди он дигар занг назад. Рӯзи 22 июл аз комиссариати ҳарбӣ занг зада гуфтанд, писаратон гум шудааст. Баъди се рӯз аз нав телефон карданд, ки ҷасадашро аз дарё пайдо кардем, ғарқ шудааст”.

Ӯ афзуд, ҷасадро ба ӯ нишон надодаанд, танҳо аммааш онро дидааст: “Гуфт, рӯяш пура сухта буд. Дигар нагузоштанд, касе ҷасадро бубинад. Баъди ним соат бурда дафн карданд”.

Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ гуфтааст, Нуралӣ Ҳайдаров рӯзи 22 июли соли равон дар вақти адои хизмат, бе ягон сабабҳои узрнок, бо яроқи оташфишон ҷои хизматро худсарона тарк намуда, ба самти номаълум ғайб мезанад: “Дар натиҷаи чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, 28 июли соли равон, дар наздикии деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим, ҷасади номбурда аз шохоби дарёи Панҷ, дарёфт мегардад, аммо яроқи вобасташуда ва 120 дона тирҳое, ки аскари қаторӣ Нуралӣ Ҳайдаров ҳангоми тарки маҳалли хизмат бо худ бурда буд, то ҳол ошкор нагардидаанд”.
Мӯҳр
худо чояшро чаънат гардонад

солим
Падару хешу табораш чи хел наметонанд, ки маити фарзандшона бубинанд??? Касе хак надорад, ки уасадро нишон надихад.

усмон
Инчо точикистон аст солим,

Исфара
Нишон надода бошанд пас сирре хаст

Ҳолдон
Ба ин бародару хоҳарамон сабри ҷамил орзу мекунам. Сахт аст ҷигарбандро аз даст додан.

Агар дар ҳақиқат ин ҷасади одами дигар бошад, бояд аввал духтурҳое ки ҷасадро баъди пайдо кардан ташхис кардаанд, дувум он нафароне ки намондаанд наздикон ҷасадро шиносоӣ кунанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Прокуратураи ҳарбӣ куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Чаро ҳангоми шиносоӣ ва гузаронидани чораҳои тадқиқотиву омӯзишии ҷасад волидайни нафари фавтидаро дар ҳайати комиссия ворид накардаанд?

як сару сад хаëл
аз ин фахмида мешавад, ки «таги коса нимкос»е хаст!

сихат
солхои охир дар хизмати ватан куштор бисёр шуда истодааст. якеашро нон ба гулуяш руст кард мегуяну мезанан мекушан дагарашро гарк шуд мегуянду мекушанд ин чи бедолатист. магар нест ягон афсари ба нангу номус ки шохиди дихад ки инро об набурдааст балки касдан куштаанд бечораро дар рузи зодрузаш.

Рустам
Пас он маите, ки аз гур бароварда нишон доданд у фарзанди кист??? шяод яку якбора ду аскарбача вафот кардааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)