Бахшҳо

Тақозои вакили қирғиз барои истирдод нашудани Собир Валиев (НАВШУДА)

Як вакили парлумони Қирғизистон аз ҳамтоёни молдовии худ хостааст, барои истирдод нашудани мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Турсунбой Бакир уулу, вакили Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон дар як муроҷиатнома аз намояндаҳои мардуми Молдова хостааст, дар ҳалли мушкили марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои Собир Валиев, муовини раҳбари “Гуруҳи 24” бетараф набошанд. Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ӯ аз ҳамтоёни худ хостааст, барои дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ ҳимоя кардани Валиев ва истирдод нашуданаш ба Тоҷикистон, ки ба гуфтаи вай метавонад мавриди шиканҷа қарор бигирад, мусоидат намоянд.

“Мақомоти Тоҷикистон истирдоди С.Валиевро тақозо дорад ва ӯро дар экстремизм муттаҳам медонад. Аммо пӯшида нест, ки Тоҷикистон бо шиканҷа мушкили ҷиддӣ дорад”,-изҳор доштааст Бакир уулу ва гуфтааст, Молдова аъзои Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон буда, барои ҳимояи ҳуқуқи инсон уҳдадор аст.

Аз ин пеш, рӯзи 18 август, Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар низ бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Молдова хост, ба Душанбе истирдод нашудани Собир Валиев, мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистонро кафолат бидиҳад. Дар ин изҳорот, ки унвонии "Озодагон" расид, аз ҷумла гуфта мешавад, “ба касе пӯшида нест, дар Тоҷикистон мушкили шиканҷа ба гунаи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Молдова мувазаф аст, ҳеч касро ба кишваре, ки он ҷо мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегирад, истирдод накунад".

Дар ҳамин ҳол, Палатаи апеллятсионии Кишинев дархост барои раҳо кардани Собир Валиевро, ки аз сӯи вакили ӯ пешниҳод шуда буд, рад кардааст. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Newsmaker” хабар дода, меафзояд, Валиев то анҷоми муҳлати боздошт – 31 август дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол, аз эҳтимоли то 12 рӯзи дигар тамдид шудани муҳлати боздошти Валиев хабарҳо мерасанд.

Собир Валиев, муовини раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" ва “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”, ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати кишвар машғуланд, шоми 11 августи соли равон замоне, ки қасди сафар ба Истанбули Туркия дошт, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова боздошт гардид.

Ба иттилои хабаргузориҳо, Валиев шаҳрвандии Қирғизистонро дошта, чанд сол қабл аз табаияти Тоҷикистон даст кашидааст. Ӯ баъди кушта шудани Умаралӣ Қувватов дар Туркия ва раҳбари “Гуруҳи 24” интихоб гардидани Шарофиддин Гадоев муовини раҳбари ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ таъин шуд.


Тақозои вакили қирғиз барои истирдод нашудани Собир Валиев (НАВШУДА)

Тақозои вакили қирғиз барои истирдод нашудани Собир Валиев (НАВШУДА)
Мӯҳр
100% zarharid ast. Lekin suol: bar ivazi chand dollar?
Uzbak dar kirgiziston ham uzbakisha mekunad

Хатлони
Агар Валиев шахрвандии Киргизи дошта бошад, пас чарро дар такдири Точикистон кор мегирад.А ин бар меояд,ки У бегона аст барои ТочикистонNozim,

ин лаьнати пул гирифтагияй аз рангаш набошад Точикистона пурси намедона дар кучо чойгир шудагияй продажни шкураихай ин душмани халки Точикай

Баҳром
Ё тавба, дигар кор намонд, ки ҷиянҳо ҳам Тоҷикистон ба кордор шуда истанд. О агар каме бафаҳм бошӣ дар ҳаму Қирғизистонат тартибота ҷорӣ кунӣ намеша. демократия гуфта ҳамара ҷазир кардеду бо мо ба кордор шуда истен, ха-ха-ха.

муосир
Чаро шахрвандии Киргизистонро дораду дар бораи Точикистон кор мегирад. Киргизистон инро зархарид карда бар зидди мо истифода мебурда бошад? мухтарам вакил Турсунбой Бакир уулу агар зархариди шумо ваё шумо зархариди дигарон набошед, ДАР БОРАИ ТОЧИКИСТОН КОР НАГИРЕД. ИСТИКЛОЛИЯТ БАРОИ МО НЕЪМАТ АСТ.

Дарвеш
Магар барои танкид мебояд паси панчара рафт? Дар даврони Шурави мегуфтанд,ки "танкид меваи коммунизм хаст".

аз танкид тарсидан даркор неву онро ислох кардан лозим аст на ин хакикатгуенро таъкиб кардан, дар кишвари мо мутаассифона проблема хеле зиед аст ва онхоро бояд хал кард . дар хар кадам камбудиро мебини вале барои онро гуфтан душман е экстремисст мешави.

Узбак
Хатлони,
Аз чи сабаб ту инкадар бо итминони комил мегуйи Турсунбай Бакир уулу узбак аст? дар парлумони киргизистон вакили узбакзабон тамоман вучуд надорад, пас даъвохои бемаънии ту беасос астанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)