Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 май 2017, 23:23

Забони русӣ дар Душанбе мавриди баррасии олимону коршиносон қарор мегирад

18 октябр 2011, 05:37

«Мушкилоти тадриси забони русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ».


Таҳти чунин унвон рӯзҳои 19 ва 20-уми октябр дар Душанбе баргузории як ҳамойиши илмӣ-назариявӣ дар назар аст.Тибқи иттилоъ, ин чорабинӣ дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллӣ сурат мепазирад. Раиса Михайловна, мудири бахши илму ахбори ДМТ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар ин конфронс донишмандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард. Ба қавли хонум Михайлова, баррасии мавзўъҳое чун «Кӯҳна ва нав: Интернет ва луғат», «Забони русӣ дар Қазоқистон», «Забони русӣ дар Эрон», «Забони русӣ ва фарҳанг дар гуфтугўйи фарҳангҳо», «Фаъолияти факултаи забону адабиёти русии ДМТ дар тақвияти забони русӣ дар Тоҷикистон» дар ин конфронс дар назар аст.

Манбаъ афзуд, конфронс бо мусоидаи ДМТ, Ҷамъияти дӯстии «Русияву Тоҷикистон» ва намояндагии «Ҳамкориҳои Русия» дар Тоҷикистон доир мешавад. Садри факултаи забону адабиёти руси ДМТ, проффесор Меҳриннсо Нағзибекова ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар поёни ҳамойиши байналмилалӣ нишасти вижа бо ширкати журналистони ватанӣ ва хориҷӣ сурат мепазирад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!