Бахшҳо

10260 сомонӣ ҷаримаи Ҳакимов Исломҷон Дустмуродович

Ҳакимов Исломҷон Дустмуродович барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи маъмурини пулиси Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар, Ҳакимов - ронандаи “Опел-Астра” аз моҳи сентябри соли 2014 то кунун 40 бор қоида ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанберо нақз кардааст. “Оид ба 40 далели қоидавайронкуниҳои Ҳакимов ҳангоми ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти ВУД таъкид кардааст, Ҳакимов Исломҷон Дустмуродович маблағи ҷаримаи 40 ҳолати қоидавайронкунии худ, ки 10 ҳазору 260 сомониро ташкил медиҳад, тавассути бонки “Амонатбонк” ба буҷаи давлат интиқол додааст.

Як манбаи “Озодагон” гуфт, Ҳакимов Исломҷон Дустмуродович писари соҳибкори шинохта Дӯстмурод Ҳакимов, маъруф бо лақаби “Дости Бурут”, яке аз чеҳраҳои шинохтаи ноҳияи Файзобод аст. Ин дар ҳолест, ки қаблан дафтари матбуоти ВУД аз қоидавайронкунӣ ва ҷаримаҳои ҳангуфти Ҳукумов Асрор - бародарзодаи Амонулло Ҳукуматулло, раҳбари пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, соҳиби мошини “БМВ-523” ва Сироҷев Умедҷон Холматҷонович - як масъули Вазорати нақлиёти кишвар бо мошини “Ренҷ-Ровер” хабар дода буд.
Мӯҳр
Душанбе
Кори дигар надоред. Писари ину набераи фалони. Бо барои Дости Бурут навиштанатон шуморо ба додгох накашад барои зарари маънави.
Сохибкор аст пул дорад чаримаша супорид халос. Дарси ибрат мешавад.

Ин кормандони БДА кани мард бошан, коидавайронкунихои мошинхои шахсию давлатии Вазирону Раисони Кумитахои давлатиро кани чоп кунан. Ман харр руз шохиди холам, ки мошинхои номерошон РТ ё мебинем мошинои киммат киммата меган мошини фалонай дигарора назди хамон камерахо памех дода мегузанд, кани ваёра нишон тиен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)