Бахшҳо

Созишномаи “СВОП” имзо шуд. Тоҷикистон ним миллиард доллар мегирад

Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин созиномаи “СВОП”-ро имзо карданд, ки бар пояи он тоҷирону соҳибкорони тоҷик метавонанд мустақиман пули сомониро бо юани Чин иваз карда, аз он кишвар молу маҳсулот ворид созанд.

Абдуғафор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии кишвар имрӯз, 4 сентябр ба “Озодагон” гуфт, муҳлати созишнома 3 солро дар бар гирифта, зери он Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Жоу Шиаогуан, раиси Бонки мардумии Хитой имзо гузоштаанд.

Бар асоси созишномаи мазкур Чин давоми се соли оянда ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард юан, муодили қариб 500 миллион доллар медиҳад. Оқои Қурбонов мегӯяд, мақсад аз имзои созишнома тавсеаи ҳамкориҳо миёни ин ду ниҳоди молӣ ва роҳат кардани фаъолияти тоҷирон мебошад.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар сурати тасвиби созишномаи “СВОП” табодули сомонӣ бо юани чинӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Бо амалӣ гардидани созишномаи “СВОП”, ки як навъ табодули асъорӣ миёни бонкҳо ба муддати муайян гуфта мешавад, дар назар аст, харидории доллари амрикоӣ аз ҷониби тоҷирони тоҷик, ки асосан аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд, коҳиш ёбад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти нимсолаи ниҳодаш гуфта буд, дар сурати ҷалби юан аз Чин ба Тоҷикистон бо усули “СВОП” тоҷирони тоҷик дар кишвар сомониро бо юан иваз карда, аз Чин бо асъори миллии ин кишвар метавонанд мол харидорӣ намуда, ба кишвар ворид намоянд.

Соҳибкорону тоҷирони тоҷик аз кишвар доллар харидорӣ намуда, онро дар бонкҳои Чин бо юан иваз мекунанд ва пасон маҳсулоти мавриди ниёзи худро харидорӣ мекунанд.
Мӯҳр
Муборак бошад, ахсан ба кормандони НАВИ Бонки Милли, мешудааст ку, кай рох андози мешудабошад аа??

Хамин кор ягон хосияти хуб дорад ё дар соли оянда бо юан ба нархи долар мешава ..... Бамеди гушт аз картошка намонем

Ин бехтарин икдом аст. Ахсан, шояд пас аз ин ин точирон ин кадар курби долларро боло набаранд.

инсон
Пура шарх дихед каи мешавад ин кор

Мехр
Холо бояд дакик кард, ки ин 3 миллиард бар ивази чи дода мешавад. Пулро хамту хеч кас намедихад. Агар бар ивази доллар бошад ё бар иавази ягон ашёи хом бошад ки пештар бо доллар харида мешуд, мушкил хал намешавад.

Як ба як иваз мешуда бошадми ё фарк дорадми нархи юан бо сомони???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)