Бахшҳо
08 сен 2015 11:47Тоҷикистон / Акс / Видео

(АКСУ ВИДЕО) Ёдбуди А. Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

Рӯзноманигорони тоҷик, 8 сентябр дар Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии журналистон маҳфили ёдбуди Акбари Сатторро дар Душанбе баргузор намуданд.

Дар ин ҳамоиш, ки дар толори Маҷмааи табъу нашр - "Шарқи Озод" сурат гирифт, барои поси хотири марҳум Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон пешниҳод шуд, як кӯча дар Душанбе ва мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи ӯ гузошта шаванду нимпайкарааш бунёд гардад. Сайёфи Мизроб пешниҳод кард, ҷоизаи ба номи Акбари Саттор таъсис шуда, дар як сол як маротиба тақдим гардад. Ӯ инчунин хостори ба унвони Рӯзи ҳамдилии журналистони тоҷик пазируфтани 28 август шуд. Санае, ки Акбари Саттор даргузашт. Журналист Шарифи Ҳамдампур даъват кард, деҳаи Мортеппа - зодгоҳи Акбари Саттор -- “Акбаробод” номгузорӣ шавад.

Ин пешниҳодҳо барои поси хотири Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳолеянд, ки қалби ӯ рӯзи 28 август тақрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз монда буд. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.




(АКСУ ВИДЕО) Ёдбуди А. Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

(АКСУ ВИДЕО) Ёдбуди А. Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

(АКСУ ВИДЕО) Ёдбуди А. Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

(АКСУ ВИДЕО) Ёдбуди А. Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад

(АКСУ ВИДЕО) Ёдбуди А. Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад
Мӯҳр
Brat 2
Mahmadalida miz narasidaast !!!

Tojik
Ин рахмати чи хизмати бузург кардааст, ки деха ба номаш монда шавад?

Хамдампур албатта журналисти хуб аст , аммо пешниходи нобоб кардааст. Рахмати, пеш аз хама инсони хуб буд ва вокеан журналист , аммо деха ба номи эщон гузоштан нодуруст аст, зеро барои дехаи Мортеппа хизмати арзанда накардаанд. Бигузор Мортеппа - Мортеппа монад.

мор чи хизмат кардааст, кафомонда ? точик....

ДДд
Рузноманигорон дар чомеа накши мухим мебозанд

Ррр
Бехтарин Икдом

Бен Ном
Аслан ба иваз кардани номхои таърихии махалхои маскун мувофик нестам.

Беном
Барои номгузори як сукунат шахс бояд бисёр захмат кашад. Ё аввалин шахс дар он маскан, ё аз лихози ободони мисоли рохсози, пулсози ва аз хама мухим ободони яъне мардумро бо об таъминнамои. Холон, ки дехаи мортепа солхои зиёд аст ки аз об танкиси мекашад баъд аз давраи шурави мардумаш ба об ниёз дорад. Хар касе мехохад дехаи Мортеппа ба номи у гузошта шавад Мортеппаро бо об таъмин намояд мархамат майдон аз далер.

Худо раҳматаш кунад, ҷояш дар ҷаннат бошад. Раҳматӣ одам хуб буданд.
Вале ҷойиз аст, ки номҳои таърихиро як-як аз байн бибарем? Ин иқдоми хуб нест. Мешад, ки дар зодгоҳашон ба ягон кӯча номашон дода шавад ё ба он мактабе, ки хатм кардаанд. Банда умуман зидди тағйири номҳои кӯҳнаи таърихиам. Дар Европа маҳаллҳоро мебинед, ки 500 ё аз он ҳам бештар сол номгузорӣ шудаанд. Ҳеч кас ҷуръат намекунад, ки он номҳо иваз шаванд. Зеро номҳои ҷуғрофӣ ё топонимҳо на танҳо дар санадҳои таърихӣ ( масалан: зодгоҳӣ А.Саттор), балки дар реестрҳои давлатӣ, архивҳо ва адабиётҳо омадаанд. Номгузории нав фақат бояд ба иншоотҳои нав гузошта мешавад. На танҳо дар ин ҳолат, балки дар дигар ҳолатҳо низ бояд ин масъала таҳти баррасии ҳамаҷониба ва амиқ қарор гирад. Аввал узр, сониян мехоҳам ба нукта таваҷҷӯҳ шавад. Фарз кардем пас аз 20 сол ягон шахси машҳури ҳамин деҳа (деҳаи А.Саттор) фавтид. Пас чӣ иқдом гирифта мешад: биёед деҳаи А.Сатторро ба номи "Карим Фаттоҳ" иваз кунем. Агар ҳамин тафаккури мо идома ёбад, касе кафолат намедиҳад, ки ҳамин тавр намешад. Ҳоло ки дер нест бояд ҳамаи номҳои садсола ва аз он пеш гузошташуда дар маҳаллот барқарор шаванд. Ва минбаъд топонимҳои таърихиро иваз накунанд.

Tojik
1. Деха Мортеппа аст на Моробод.

трбобод мунедаш унчаба турб бисьер меруяд

Yaman,
Бесавод, чо мекуни гапои бемаъниро нависта. е бура ба хаму яМАН.

Душанбе,
гапои маьнидори т да ича кида даркорай?басаводи трбхри трш шидаги хаму трам трби пчлк шидагии

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)