Бахшҳо

Эҳтимоли баргаштани афсарони рус ба марзи тоҷикистон вуҷуд дорад?

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократҳо ва ноиби раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, низомиёни рус ба марзи Тоҷикистон баргарданд. Ӯ 25 сентябр дар шарҳи қазияи боздошти овозхонҳои маъруфи рэп дар Русия - Гуф ва Слим изҳор доштааст, роҳи маводи мухаддирро бояд дар марзи Тоҷикистон гирифт. Жириновский таъкид намудааст, маводи мухаддир бояд дар Русия набошад ва барои ин зарур хондааст, ки бо Тоҷикистон созиш шавад, то марзбонҳои рус ба сарҳад бо Афғонистон баргарданду роҳи қочоқи маводи мухаддирро бигиранд. Дар ин робита “Озодагон” аз се коршиноси тоҷик пурсид: ЭҲТИМОЛИ БАРГАШТАНИ АФСАРОНИ РУС БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ВУҶУД ДОРАД?


Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ

Аввалан ҷаноби Жириновский худ намедонад, ки тамоми сохтори интиқоли маводи мухаддир чигуна аст. Дуввум ин ки бозгашти сарбозони рус ин боз ҳам бештар шудани интиқоли маводи мухаддир ба сӯи худи Русия мешавад. Чунки онҳо худашон охир-охирон ба канали интиқоли маводи мухаддир табдил меёбанд, чи тавре ки дар замони шуравӣ буд. Сеюм ин ки ҷаноби Жириновский пеш аз ҳама вазъияти кишвари худашро муаррифӣ мекард, ки аслан модарони рус барои хидмати фарзандонашон дар дигар кишварҳо розӣ нестанд ва ҳатто як Кумитае ҳам ташкил карда буд ва ҳар вақте ки ягон нафар дар Тоҷикистон дар сарҳад кушта мешуду мурдааш интиқол меёфт, дар назди биноҳои ҳукуматӣ митинг мекарданд. Ақалан ҳамон таҷрибаи таърихиро бояд ин ҷаноб дар ёд дошта бошад ва набояд, ки ҳамин гуна андешаҳои бемантиқро ба ҷомеа пешниҳод намояд.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия

Албатта вуҷуд дорад! Болотар аз ин, банда боварӣ дорам, ки ин масъала аллакай ҳал шудааст. Фақат чанд масъалаҳо ва мушкилотҳои фаннӣ мондаанд. Дар Русия ҳам ҳукумат ва ҳам мардум мутмаинанд, ки маводи мухаддир ба Русия аз Тоҷикистон меояд. Ин боварӣ, баъди қазияи Рустам Ҳукумов (писари раиси вақти идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон) , ки бо маводи мухаддир дастгир шуда буд, зиёд гашт ва тобиши дигар низ гирифт. Ман ки дар ҷаласаҳои сатҳҳои гуногун иштирок кардаам, медонам ки аксар бар онанд, ки аз Афғонистон убур кардани қочоқи маводи мухаддир ва ба Русия расонидани он, пурра таҳти назорати мақомот ҳастанд ва агар сарҳадбонони Русия бознагарданд, вазъ бадтар мешавад. Чаро кӣ дар Русия бовар бар он аст ки баъди ворид шудани амрикоиҳо ба хоки Афғонистон, истеҳсоли маводи мухаддир ба маротиб афзудааст ва ин як сиёсатест барои заиф кардани Русия. Агарчӣ ин биниш то ҷое хандаовар ҳам ҳаст, аммо чунин ақидаҳо ҳастанд.

Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ

То имрӯз хуб ё ганда марзбонони тоҷик аз уҳдаи вазифаи худ баромада истодаанд. Барои ҳамин ҳам то имрӯз зарурати ба марзи Тоҷикистону Афғонистон овардани сарҳадбонони як кишвари дигар вуҷуд надошт. Вале вазъият дар он тарафи соҳили Омӯ торафт ваҳимтар шуда истодааст. Хабари суқути Кундуз ба дасти гуруҳи Толибон албатта мояи нигаронии шадид аст. Бо вуҷуди ин ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баргардондани марзбонҳои рус дар ҳамон мақоме, ки қаблан то хориҷ шуданашон буданд, кори чандон дурандешона нест. Тоҷикистон узви чанд созмоне ба номи Созмони амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай ҳаст, ки дар сурати пеш омадани зарурат метавонад аз ин ташкилотҳо дархости кумак кунад. Ин созмонҳо вазифадоранд, ки таҳдидҳои эҳтимолиро алайҳи кишварҳои аъзои он муштаракан рафъ намоянд.
Мӯҳр
Точик
ЖИРИНОВСКИЙ ИНКАДАР СОХТОРИ КУДРАТИИ ДАВЛАТИ МОРО НОТАВОН МЕБИНАД АММО ДАВЛАТДОРОНИ МО ХОМУШ БА МИСЛИ ГУНАХГОР БА СУХАНОНИ ИН САФСАТАГУ ИТОАТ МЕКУНАНД БО ХАМИН БАХОНАИ КОЧОКИ МАВОДИ МУХАДИР НОМИ МАРДУМИ ТОЧИКИСТОНРО ДАР ТАМОМИ ДУНЁ БАД МЕКУНАНДУ ХАМА ХОМУШ БА ХАМА МАЪЛУМ, КИ МАКСАД ТАНХО ГИРИФТАНИ САРХАД МЕБОШАД НАМЕШАВАД КИ БО ДИГИР ГУФТОР ПЕШНИХОДИ ХУДАШОНРО БАЁН КУНАНД ЛЕКИН ИН ХАМА АЗ БЕКАДРИЮ ДОГДОРКУНИ НИСБАТИ ХАЛКИ ТОЧИК АЗ ОН ДАРАК МЕДИХАД КИ ИНХО ТАМОМАН БАРОИ ДАСТГИРИИ ХАЛКИ ТОЧИК КУШИШ НАМЕКУНАНД

коро трб шидестай ку

Давлатуф
Дар сарҳади Россия бо дигар кишварҳо магар марзбонони рус наистодаанд? Чаро дар он ҷо наметавонанд пешгирӣ кунанд? Зеро ноуҳдабароянд ва худ ба ин гуна корҳо даст мезананд! Мақсади баргаштанашон ба сарҳад ин монополия кардани қочоқи маводи мухаддир аст. Сайфулло Сафаров инро гуфту рӯпушона. Аммо биёед ошкор инро гӯем, ки худи марзбонони рус ба ин кор даст мезананд. Интиқоли маводи мухаддир ба Россия пас аз баромадани сарҳадбононашон аз хоки Тоҷикистон кам шудааст. Чаро? Барои он ки сарҳадбонон дигар бо қочоқчиён маслиҳат карда наметавонанд ва борро дастгир менамоянд. Баъди баромадани русҳо аз марзи мо, нархи ин мавод қиммат шуду арзон не. Агар русҳо пешгирикунандаи маводи мухаддир бошанд, пас чаро мол қиммат шуд, ҳол он ки бор бояд зиёд мешуд дар Руссия, зеро мол камтар рафт. Харидор бисёру мол кам нарх гарон. Онҳо инро медонанд.

Мо бояд Худамон аз Марзи Худамон Дифо Кнем.Овардани Аскарои Руссхо даркор нест.

Агроном
Yaman,
Yaman,
Yaman. Бисьер ин сабзавотро дуст медоштаи ))))))))))))Yaman,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)