Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:36

Ҷустӯҷӯи роҳҳои алтернативии таъмини аҳолӣ бо барқ

21 октябр 2011, 09:30

Дар Тоҷикистон садҳо рустоҳои нав барқарор шудаанд, ки ба нерӯи барқ эҳтиёҷ доранд.


Дар худи он қишлоқҷойҳои дурдаст аз имкониятҳои мавҷудбуда истифода бурда, тавлиди нерӯи барқро роҳандозӣ кардан лозим, ки барои иҷрои ин кор соҳибкор лозим аст. Соҳибкор бошад, пеш аз татбиқи ин кор, даромадашро ба назар мегирад, ки баъди чанд сол ӯ  фоида ба даст меорад, афзуд Рашид Гулов, муовини   сармуҳандисии ширкати «Барқи тоҷик» зимни як ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид. Номбурда дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» иброз намуд, ки барои дар амал татбиқ намудани қонунҳои амалкунанада роҷеъ ба манбаҳои барқароршавандаи энергия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ лозим аст, ки ҳоло ассосиатсияи энегетикҳои Тоҷикистон дар якҷояги бо Барномаи рушди СММ ва  дигар ниҳодҳои марбута китоберо чоп намудаанд, ки дар он 17 адад санадҳои зерқонун омадааст, ки дар рушди соҳа мусоидат мекунананд.

Ҳамойиши мазкур, ки таҳти унвони « Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҷомеа нисбати қонунгузории кишвар оиди истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия»  баргузор гардид, масъулин бештар сари масоили манбаҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар мубодила афкор намуданд. Рафиқа Мусоева, роҳбари Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, зимни ин нишаст қайд намуд, ки манбаҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар- офтоб, бод, обҳои гарми зеризаминӣ, дарёҳо ва биомассаҳо ҳастанд, ки ба сӯзишвории истихроҷӣ дохил намешаванд ва истифода аз чунин манбаҳо дар рушди соҳа ҷиҳати таъминот ба нерӯи барқ мусоидат мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!